Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Сабаб коронавирус: Қирғизистон тадбирҳои амниятӣ дар марз бо Тоҷикистонро шидидтар кард

Муовини раиси вилояти Ботканди Қирғизистон эълон кардааст, ки тадбирҳои амниятӣ дар марзи муштарак бо вилояти Суғди Тоҷикистон ба далели густариши коронавирус шиддат ёфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Чинор Сатторова, муовини раиси вилояти Ботканди Қирғизистон дар як ниҳшасти хабарӣ гуфтааст, ки дар Тоҷикистон коронавирус дар ҳоли густариш аст ва ба ҳамин хотир тадбирҳои амниятӣ дар марз бо ин кишвар шиддат хоҳад ёфт, иттилоъ додааст Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи қирқизии Турмуш.

Тамдиди қарантина дар Ӯзбекистон ва афзоиши мубталоён ба коронавирус дар Қирғизистон

Ба гуфтаи вай, аз 61 донишҷӯи қирғизистоние, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекарданд ва ҳангоми бозгашт ба кишварашон аз онҳо озмоиши коронавирус гирифта шуд, натиҷаи озмоиши ҳафт нафар мусбат эълом шуда ва мубтало шудани онҳо ба коронавирус тасдиқ гашта, ки акнун онон карантин шудаанд.

Инчунин муовини раиси вилояти Ботканд, таъкид доштааст, ки барои ҷилавгирӣ аз густариши бештари коронавирус барномаи маҳдудсозии равуои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қирғизистон дар дасти баррасӣ аст.

Ёдрас мешавем, ки бар асоси омори расмӣ теъдоди беморони коронавирус дар Тоҷикистон то рӯзи 23 май 2 ҳазору 738 нафар ва фавтидаҳо 44 тан эълом шудааст.

Дар Қирғизистон омори мубталоён ҳазору 365 нафар ва фавтидаҳо 14 тан эълом шудааст.