ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik. Дар натиҷаи тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як нафар ҷароҳат бардоштааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Қушӯнҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон санаи 24 май сурат гирифтааст.
Тибқи омори манбаъ, чӯпонҳои қирғиз дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки бо деҳаи қирғизнишини Мойнок ҳамсарҳад мебошад, вориди қаламрави Тоҷикистон гардида, ба муноқишаи навбатӣ бо сокинони наздимарзии ҶТ даст заданд.
Сокинони деҳаи Пули Офтобрӯя ба ин амали ғайриқонунии шаҳрвандони ҶҚ вокуниш нишон дода, аз онҳо даъват карданд, ки қаламрави деҳаро тарк кунанд.
Аммо ба гуфтаи манбаъ ҷониби қирғиз ба ҷойи риояи иҷрои созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас мекунад, ба маҳали ҳодиса қувваҳои иловагии сарҳадбононро сафарбар карда, ба сӯи сокинони бесилоҳи деҳаи Пули Офтобрӯя аз яроқи оташфишон тирпаронӣ намуд.
Дар натиҷаи тирандозӣ сарбози 19-солаи тоҷик захмӣ шудааст.
“Дар натиҷаи тирпаронии сарҳадбонони қирғиз, сарбози қаторӣ Зоиров Давлатёр Миронбекович, соли таваллудаш 2001 аз пояш захм бардоштааст”, -таъкид доштааст Қушӯнҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҳоли ҳозир дар бораи вазъи саломатии сарбози захмишуда маълумоти бештаре нест.