ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар остонаи Иди Фитр нахустин аксияи хайриявии аҳли санъату фарҳанг роҳандозӣ шуда, ба 50 хонаводаи ниёзманд маводи ғизоӣ кумак расонида шуд.
Дар аксия Шабнами Сурайё, Нигина Амонқулова, Мадина Ақназарова, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Зайнура Пулодова, Шабнами Собирӣ, ровӣ ва рӯзноманигор Мубориз Усмонов, Сабринаи Назрӣ ва ғайраҳо ширкат кардаанд.
"Ин навори тарғибӣ ва хайп нест, танхо ба хотири водор намудани Шумо азизон дар роҳи анҷом додани амалҳои хайр аст. Мо дар якҷоягӣ қудратмандем, ки дасти чандин маъюбону ниёзмандону беморонро бигирем. Пеш аз ҳама миннатдории худро ба ҳамаи шахсоне, ки челленҷи моро дастгирӣ карданд баён менамоем. Бо кумаку дастгирии Шумо мо тавонистем ки ба 50 оила кумак (озукавори) расонем", - гуфтаанд дар шарҳи аксия сарояндагон ва афзудаанд, ки ин оғози кор буда дар аксияҳои оянда ба ин кори хайр ашхоси доро ҷалб мешаванд.
Кумаки як миллионӣ: ба муҳоҷирони ниёзманди Маскав 37 тонна маводи ғизоӣ доданд
Аз навор дида мешавад, чӣ гуна мардуми ниёзманд аз дастгирии ситораҳо изҳори шодмонӣ мекунанд ва дар ҳаққи онҳо дасти дуо мебардоранд.
Вазорат омори нави гирифторон, шифоёфтагон ва фавтидагон аз COVID-19 -ро гуфт
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то соати 18:30 дақиқаи 23 май дар Тоҷикистон 2738 нафар гирифторони коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1223 нафар шифо ёфта, 44 кас ҷон бохтааст.