ДУШАНБЕ, 23 май – Sputnik. Аз Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" санаи 23 - юми май боз 30 нафар шифоёфтагон аз маризии коронавирус рухсат дода шуданд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, аз Муассисаи давлатии "Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона" низ 20 нафар пас аз комилан шифо ёфтан, мураххас шуданд.
Даргузашти писари хурдии қаҳрамони Тоҷикистон аз коронавирус ва бемории писарбузургаш-акс
Зимнан, то соати 19:30 дақиқаи рӯзи 22 май дар Тоҷикистон 2551 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ дар мамлакат 1089 нафар шифо ёфта буданд.
Акун бо мураххас шудани 50 шифоёфтаи дигар сафи сиҳатмандон аз вируси COVID - 19 ба 1139 нафар баробар шуд.
Бояд гуфт, ки Вазорати тандурустӣ санаи хуруҷ намудани вируси мазкур ба Тоҷикистонро 30 - юми апрел эълон намуда буд. Ба маълумоти расмӣ дар Тоҷикистон то ҳол 44 нафар аз ин дард ба ҳалокат расиданд.