Вазорат омори нави гирифторон, шифоёфтагон ва фавтидагон аз COVID-19 -ро гуфт

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то соати 18:30 дақиқаи 23 май дар Тоҷикистон 2738 нафар гирифторони коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1223 нафар шифо ёфтаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, теъдоди ҳолатҳои фавти беморони мубтало ба ин вирус бетағйир боқӣ монда, 44 нафар мебошад. Рӯзи гузашта низ Вазорат гузориш дода буд, ки касе аз коронавирус дар шабонарӯзи гузашт нафавтидааст. 

Бистарӣ шудани собиқ ноиби раиси парлумон дар шуъбаи эҳёи бемористони сироятӣ-акс

"То имрӯз, 23 май дар мамлакат 3028 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 479 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кардааст, ки айни замон барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ шуда истодаанд.

Ин гузориши расмӣ дар ҳолест, ки тайи рӯзҳои охир хабарҳо дар бораи фавти шаҳрвандон аз "илтиҳоби шуш" нашр шуда буданд. 

“Илтиҳоби шуш” дар ноҳияи Мастчоҳ: 60 шифоёфтаю 1 фавт аз 73 сироятшуда

Дар ҳамин ҳол мақомоти тандурустӣ аз мардум даъват кардааст, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос барои пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.