Тағйироти кадрӣ: амру фармонҳои Раҳмон дар бораи таъйину барканориҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои як қатор амру фармонҳо дар идораҳои давлатии кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 май – Sputnik. Бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон, Бобозода Ғуломҷон Ҷӯра бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Ӯзбекистон омори нави гирифторони коронавирусро гуфт: ду мариз аз Тоҷикистон ворид шуданд

Олимзода Сӯҳроб Хоҷа сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раисиҷумҳур инчунин фармон додааст, ки бо сабаби номгузорӣ кардани Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба "Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон", Раҳимӣ Фарҳод аз вазифаи Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад. Бо фармони дигар Раҳимӣ Фарҳод Президенти "Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" таъйин шуд.

Инчунин Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо бинобар вафоташ аз вазифаи раиси ноҳияи Тоҷикобод озод карда шуда, ба ин мақом Фақерзода Қадриддин Аббос таъйин гардид.