ДУШАНБЕ, 23 май – Sputnik. Ҳар чаҳор қурбонии ин ҳодисаи нохуш савори автомашинаи "Опел - Астра" таҳти роҳбарии ронандаи 60 - сола, Абдуллоев Раҳматулл, сокини ҷамоати деҳоти Боғи-Мирии ноҳияи Файзобод буданд, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Садама дар шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд: шаш нафар аз доми марг наҷот ёфтанд
Ба тафсири манбаъ, аснои бархӯрд мусофирони автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" Қаландаров Шукрулло Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1996, Амирзода Марям, соли таваллудаш 2014, Саидова Зебуниссо Буриевна, соли таваллудаш 1964, Қаландаров Ҷумъахон Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1999, сокинони ҷамоати деҳоти Боғи-Мирӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Ронандаи автомашинаи мазкур Абдуллоев Р.Қ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.