Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Холиқзода мегӯяд, худдармонӣ ба бештар паҳн шудани вируси COVID -19 оварда мерасонад

Сарвари Бемористони Ибни Сино мегӯяд, раванди муроҷиати маризони вируси COVID - 19 ба пизишкон коҳиш ёфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Абдухалил Холиқзода мегӯяд, маризии коронавирусро набояд дар шароити хона муолиҷа кард. Ӯ мегӯяд, бо ин роҳ вируси COVID - 19  метавонад дар ҷумҳурӣ бештар доман занад.

"Дар сурати холӣ будани тахтҳои бемористонҳо одамон бояд табобатро дар бемористон, зери назари мутахассисон бигиранд", - мегӯяд ӯ.

Зимнан, сарвари Бемористони Ибни Сино мегӯяд, сатҳи муроҷиати маризони коронавирус ба маротиб коҳиш ёфтааст.

Омори нави коронавирус дар Тоҷикистон: рӯзе ки аз КОВИД-19 касе нафавтид

Холиқзода омили асосии коҳиш ёфтани ин равандро ба афзоиши маълумотнокии мардум барои пешгирӣ аз ин маризӣ рабт медиҳад. Ҳамзамон, ба изҳори Холиқзода таъсири нурҳои офтоб низ то ҳадде пеши роҳи ин маризиро гирифтааст.

Даргузашти писари хурдии қаҳрамони Тоҷикистон аз коронавирус ва бемории писарбузургаш-акс

Аммо ӯ мегӯяд, таъсири омили дуюм чандон зиёд буда наметавонад.

Ба маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то санаи 22 - юми май дар ҷумҳурӣ 2551 дардманди маризии коронавирус сабт гардида. Дар умум аз ин беморӣ 44 нафар ҷон аз даст доданд.