Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Бистарӣ шудани собиқ ноиби раиси парлумон дар шуъбаи эҳёи бемористони сироятӣ-акс

Академик Акрамшо Фелалиев, собиқ муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе бистарӣ шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Муҳаммад Султон, рӯзноманигори тоҷик, хабар дод, ки академик Фелалиев, доктори фанҳои кишоварзӣ, гирифтори коронавирус шуда, дар беморхонаи касалиҳои сироятии воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон бистарӣ гардид.

Муҳаммад Султон аз Фелалиев ҳамчун марди фурӯтану хоксору фозил, инсони некӯхоҳу неккирдор тавсиф карда, хостори дуо дар ҳаққи бемор шудааст.

Фелалиев Акрамшо Саидшоевич дар даъвати гузаштаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ № 41 вакил интихоб шуда, мақоми муовини роҳбари Маҷлиси намояндагонро ба уҳда дошт.

Фелалиев 62 сол дошта, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро  соли 1982 бо  ихтисоси биолог хатм кардааст.   

Аз соли 2005 вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буда, тайи ду даъвати охир то моҳи марти соли равон дар вазифаи муовини раиси Маҷлиси намояндагон кор мекард.