Ба ҷои Маҳмадшоҳзодаи марҳум, Фақерзода раиси Тоҷикобод таъйин шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз Фақерзода Қадриддин Аббосро раиси ноҳияи Тоҷикобод таъйин кард. Ҳамиддулло Маҳмадшозода, раиси пешини ин ноҳия се рӯз пеш даргузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Тибқи фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо бинобар вафоташ аз вазифаи раиси ноҳияи Тоҷикобод озод карда шуда, ба ин мақом Фақерзода Қадриддин Аббос таъйин гардид.

Тағйироти кадрӣ: амру фармонҳои Раҳмон дар бораи таъйину барканориҳо

Маҳмадшоҳзода Ҳамидулло Ғайратшоҳ пеш аз зуҳри 20-уми май даргузашт. Сабаби даргузашти Маҳмадшоҳзода расман гуфта нашудааст, аммо ба иттилои бархе аз манобеъ рӯзҳои охир аз бемории роҳҳои нафас ранҷ мебурд. Маросими дафнаш низ бо иштироки афроди маҳдуд ва риояи чораҳои беҳдоштӣ баргузор шудааст.

Маҳмадшоҳзода Ҳамидулло Ғайратшоҳ бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, аз моҳи ноябри соли 2018 ба роҳбарии Тоҷикобод таъйин гардид.

Маҳмадшоҳзода Ҳамидулло Ғайратшоҳ,  соли 1970 дар деҳаи Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфтааст.

Солҳои 1988-1990 дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ қарзи шахрвандиашро ба ҷо овардааст. Соли 1990 ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1995 бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

"Аҷали вируси корона”: Қобилҷон Гиёев куҷост? – мусоҳиба

Барои гирифтани ихтисоси дуюм соли 1997 ба факултаи гидромелоративии Донишгоҳи мазкур дохил шуда, соли 2002 баъди хатми он соҳиби ихтисоси муҳандис-гидротехник гардид.

Фаъолияти меҳнатии Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо соли 1993 дар Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфтааст. Солҳои 1993-1995 вазифаи иқтисодчӣ, солҳои 1995-2000 вазифаи сармуҳосибро дар Вазорати мазкур ба уҳда дошт.

Аз соли 2000 то соли 2003 вазифаи муовини сардори Раёсат оид ба обҳои нӯшокӣ, солҳои 2003-2006 сармуҳосиби Сарраёсати обҳои нӯшокӣ, аз соли 2006 то соли 2012 вазифаи Сардори иттиҳодияи таъмиру истифодабарии мелоративӣ, солҳои 2012-2014 вазифаи сардори Раёсати захираҳои оби Вазорати номбурдаро мувафақона пеш бурд.

Аз соли 2014 то соли 2018 ба сифати сардори Раёсати беҳдошти замин ва обоёрии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа кард.

Аз январи соли 2018  то 23-ноябри соли 2018 сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёриро дар водии Ҳисор ба зимма дошт.