ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Барои ташхиси саривақтӣ ва муайянсозии сироятёбӣ ба бемории COVID-19 рӯзҳои наздик лабараторияи муосири вирусологӣ ба кор оғоз мекунад.
Дар ин бора зимни боздиди Маркази назорати давлатии Санитарии Эпидемологии вилояти Суғд аз ҷониби раиси вилоят маълумот дода шуд.
"Ин имконият медиҳад дар натиҷаи ташхиси дақиқ мубталоёни беморӣ бо муолиҷаи фаврӣ фаро гирифта шуда, паҳншавӣ ва сироятёбиро пешгирӣ намояд",-менависад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Манбаъ афзудааст, ки корҳои омодагӣ идома дошта, маводҳои зарурӣ барои ташхиси тестӣ ва лабараторӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дастрас карда шуданд.
Гуфта мешавад, дар вилоят 90 нафар табибони эпидемиолог фаъолият намуда, мавзеъҳои осепазирро бо маҳлули гипохлориди натрий безарар гардонида шуда истодааст.
Сӯҳбати Давлатов аз бақои коронавирус, иштибоҳи табибони тоҷик ва кор дар Ватан
Ҳукумати вилоят ба табибони марказ кӯмакҳои моддӣ дастрас кардааст.