Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Кумаки Рустами Эмомалӣ ба панҷ ҳазор оилаҳои эҳтиёҷманду камбизоат дар пойтахт

Дар арафаи Иди саиди фитр Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба 5 ҳазор оилаҳои эҳтиёҷманду камбизоат, маъюбону беморон ва ятимону бепарасторон кумаки моддӣ расонд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, кумаки Раиси шаҳр аз 500   тонна маводи ғизоӣ  иборат буда,  маблағи умумии беш аз 2,5 миллион сомониро ташкил додааст.

Қарори нави Рустам Эмомалӣ: арзиши иҷозати сохтмони бино ва иншоот коҳиш ёфт

Ҳамчунин Раиси шаҳри Душанбе барои дар ин рӯзҳои мушкил ба кор баромада, сари вақт тоза намудани роҳҳои шаҳри Душанбе ба беш аз 2800 нафар кормандони муассисаҳои истифодаи роҳҳои пойтахт, хусусан онҳое, ки ба поккории шаҳр машғуланд, кумак расонид.

Гуфта шудааст, ки аз давраи бақайдгирии нахустин ҳолати  сироятёбии  сокинони пойтахт ба бемории коронавирус роҳбарияти мақомоти шаҳри Душанбе барои дастгирию кумаки саривақтии кормандони соҳаи тиб, беморону   парасторони  онҳо, эҳтиёҷмандон,  пешгирӣ аз  паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тақвияти корҳои безараргардонӣ ва  таъмини мунтаззами муассисаҳои тандурустии пойтахт бо доруворию лавозимоти зарурии тиббӣ  тадбирҳои таъхирнопазир меандешад.