ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сурно Сатторӣ, муовини илмӣ ва фановарии раиси Ҷумҳурии Эрон ба хабарнигорон гуфт, ниёзи таҷҳизоти бемористонҳои кишвар дар муқобила бо вируси корона, комилан таъмин аст.
Ба гуфтаи вай, аз ҷумла бемористонҳо бо дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ таъмин буда, дигар бахшҳои бемористониро низ ширкатҳои соҳавии дохилӣ тавлид мекунанд.
“Эрон акнун ҳеҷ гуна таҷҳизоти пизишкиро барои муқобила бо вируси корона ворид намекунад”, - гуфт Сатторӣ.
Ҳамзамон муовини илмӣ ва фановарии раисҷумҳурии Эрон аз содироти китҳои ташхисии тавлиди ширкатҳои соҳавии эронӣ хабар дод ва гуфт, китҳои тавлидӣ дар Эрон илова бар таъмини ниёзи кишвар, содир низ мешавад ва акнун ҳашт ширкати соҳавӣ тавонистаанд таъйидҳои лозим барои содироти китҳои ташхиси корона дарёфт кунанд.
Муовини илмӣ ва фановарии раисҷумҳурии Эрон афзуд, дар кишвар зарфияти тавлиди як миллион кити серологӣ дар рӯз ва як миллиону 500 адад кити ташхисии PCR дар як моҳ вуҷуд дорад.