Амрико тасмим дорад Толибонро ба поёни ҳамлаҳо ва оташбас ташвиқ кунад

Намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон бо мақомоти ин кишвар дидор ва дар бораи эҳёи тавофуқномаи шикастхӯрдаи Қатар гуфтугӯ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Залмай Халилзод, ки аз Қаттар ба Кобул сафар кардааст, чоршанбе шаб бо раиси ҷумҳур ва раиси Шурои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дидор ва изҳори умедворӣ кард, ки битавонад Толибонро ба поёни ҳамлаҳо ва оташбас ташвиқ кунад, иттилоъ додааст Садои Хуросон.

Мақомдори афғон: Толибон ҳеҷ нияте барои сулҳ дар Афғонистон надорад

Озодии зиндониёни Толибон ва нирӯҳои давлатии Афғонистон ва музокироти сулҳ миёни гуруҳҳои афғон ва Толибон аз муҳимтарин мавзӯоти мавриди баҳси ин дипломати амрикоӣ бо Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ буд.

Дар ҳафтаи гузашта низ Залмай Халилзод барои фиреби афкори умумӣ ба пойбандии Амрико ба тавофуқномаи Қатар, ба кишварҳои Қатар, Ҳинд ва Покистон сафар карда буд, ки бенатиҷа ба Вашингтон бозгашт.

Пас аз имзои тавофуқномаи ба истилоҳ сулҳ миёни Толибон ва Амрико дар Қаттар дар санаи 29 моҳи феврал, ҳамлаҳо ва даргириҳои ин гуруҳ ва неруҳои давлатии Афғонистон афзоиш ёфтааст ва ба кушта ва захмӣ шудани садҳо нафар аз тарафайн сабаб шудааст.