ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати хонаводаҳои азодор, ки наздиконашон дар пайи бемории илтиҳоби шуш гузаштаанд, рафтааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилоят гузориш медиҳад.
Манбаъ менависад, 22 май Раҷаббой Аҳмадзода ба манзилҳои якчанд фавтидагон аз бемории сироятии илтиҳоби шуш омада, ба аҳли оилаи онҳо таъзияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро расонида, кӯмаки моддӣ супорид.
"Раиси вилоят аз ҷумла оилаи фавтидаи бемории сироятии илтиҳоби шуш Аминҷон Ҳотамов, сокини маҳаллаи Сайҳун ва оилаи аз ин беморӣ фавтида Акрам Аслонов, сокини маҳаллаи Масҷиди Савр, кӯчаи ба номи Эшони Шайдо, №93 – и шаҳри Хуҷандро аёдат намуда, ба аҳли хонаводаи ин фавтидагон тасаллият баён дошт ва кӯмаки моддӣ супорид", - афзудааст дафтари матбуотӣ .
Раиси вилоят дар сӯҳбат ба сокинон изҳор дошт, алҳол бобати пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла илтиҳоби шуш ва коронавирус дар вилоят тадбирҳои амиқ роҳандозӣ мешаванд.
"Роҳбарону масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои ташхису табобат ва ҳар як табиб вазифаҳои хизматии худро бо масъулияти баланд ва бовиҷдонона иҷро менамоянд ва ҳаёти инсонро, ки арзиши олӣ мебошад, ҳаматарафа ҳифз карда, талош меварзанд, ки касе аз ҳаёт маҳрум нагардад", - афзуд вай.
Ин амали неки Раиси вилоят дар арафаи Иди моҳи шарифи Рамазон боиси дастгирӣ ва пуштибонист.
Бояд қайд намуд, ки дар арафаи Иди саиди фитр барои аёдат ва баён намудани ҳамдардии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, вакилони маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо сафарбар карда шуданд. Ба ҳамаи оилахое, ки аз ин беморӣ наздиконашонро аз даст додаанд, кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад.