Тибқи тавсияҳо, масофаи ҳадди аққали зарурӣ байни одамон барои бехатарӣ дар вақти COVID-19 1,5 метрро ташкил медиҳад.
Бо нақз намудани ин масофа, заррачаҳои хурди нафари сироятбуда метавонанд ба чашм, рӯи ва пӯсти шахси дигар ворид шаванд.
Феълан дар ҳама ҷо риояи қатъии фосилагирӣ талаб карда мешавад ва одамон худ саъй мекунанд то ҳам дар кӯча, ҳам дохили нақлиёт ва дорухонаҳо аз ҳамдигар ба масофаи 1,5 метр дуртар истанд.
Шаҳрҳои калон, аммо қатораҳои холӣ: чигуна метрои Маскав дар замони коронавирус тағйир ёфт
Зимнан, мутаххасисони соҳаи тиб мегӯянд, ки чун алъон барои муборизаи қатъӣ бурдан бо ин вирус давое мавҷуд нест, аз ин рӯ риоя фосилагирӣ аз ягон роҳи пешгирӣ аз паҳншавии ин маризӣ гуфта мешавад.