ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Эҳтимолияти хуруҷи мавҷи дуюми маризии сироятии коронавирус дар ҷаҳон вуҷуд дорад, мегӯяд намояндаи СҶБ дар Русия Мелита Вуйнович.
Ба изҳори ӯ, мубориза бо COVID-19 як марҳилаест, ки дар он тамоми кишварҳо бояд дар ҳамбастагӣ бо ҳамдигар қадам зананд. Вуйнович гуфт, пандемияро то даме, ки ба тамоми гӯшаҳои сайёра доман назадааст, мағлуб кардан ғайриимкон аст. Ин вирус дар ҳамаи кишварҳои сайёра мавҷуд аст.
СҶБ мегӯяд, Тоҷикистон бояд ба бадтарин сенарияи рушди коронавирус омодагӣ гирад
Намояндаи СҶБ зикр намуд, ки алъон танҳо раванди аз як инсон сироят шудан на нафари дигарро метавон боздошт ва ин кор танҳо ба ҷорӣ намудани чораҳои зиддиэпидемиологӣ рабт дорад.
"Дар куҷое ки мавҷи аввали коронавирус вуҷуд дошт, зуҳур ёфтани мавҷи дуюм низ имконпазир аст. Аҳолӣ бояд дарк кунад, ки хатари гирифторшавӣ ба ин маризӣ комилан бартараф карда намешавад, аз ин рӯ дар ҳама ҳолат бояд чораҳои бехатарӣ риоя карда шаванд", - таъкид доштаст Мелита Вуйонович.