Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Президент дар бораи бастани масоҷид, Хонаи Худо ва манъи ифтору таровеҳ-видео

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аҳамияти ҳифзи саломатиро таъкид кард, ки ба хотири он ҳатто Хонаи Худоро бастаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар мулоқот бо кормандони тиб, гуфт бубинед имрӯз дар тамоми дунё, Хонаи Худоро бастанд, масҷидҳоро бастанд, ифтору таровеҳро манъ карданд.

“Ҳама ба хотири чӣ? Ба хотири амният, ба хотири солим нигоҳ доштани миллату халқҳои худашон”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ суол гузошт, ки ба масҷид кӣ меравад ва худаш посух дод, ки ба масҷид одами солим меравад.

Аз 470 ба 611: дар Тоҷикистон 1008 нафар аз маризии коронавирус шифо ёфтанд

Ин дар ҳолест, ки бо қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон аз 18 апрели соли равон намозҳои ҷамоат - панҷвақта, ҷумъа ва таровеҳ дар масҷидҳои кишвар ва ҷамоатхонаҳо то беҳбуд ёфтани вазъият мамнӯъ эълон шуд. Дар қарори Шӯрои уламо омадааст, ки дар моҳи Рамазон  баргузор намудани ҳар гуна ҷамъомад - таровеҳ, ифтор, идгардак ва дигар маъракаҳо манъ карда шавад.

Инчунин Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи таҷлили иди саиди Фитрро дар Тоҷикистон - 24 май муқаррар кард.

Раҳмон гуфт, дар бархе ноҳияҳо коронавирус нест ва шарҳ дод чаро-видео

Ҷамолиддин Хомӯшов, масъули Раёсати фатво дар Тоҷикистон изҳор медорад, ки дар Қуръону суннат ва фиқҳи Имоми Аъзам ба ин тавсия дода нашудааст, ки дар рӯзи ид мардум хона ба хона гашта дуо кунанд. Метавонем аз хона дуо кунем, шарт нест, ки хона ба хона гардем.

Дар қарори Шӯрои уламо гуфта мешавад, вобаста ба шароити пешомада, ҳар як намозгузор дар вақти намози ид дар манзили худ ба зикру ниёиш ва дуруду дуо машғул шавад.