Ҷаҳиши рекордии гирифторони коронавирус дар ҷаҳон давоми 24 соат

Бар пояи оморҳои ахири Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс теъдоди мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон аз 5 миллион гузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт, тайи як рӯзи охир дар ҷаҳон 106 ҳазор ҳолати нави сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда болотарин нукта аз замони пайдоиши ин беморӣ мебошад

“Камолид” ва “Седармона”: олимони тоҷик дастгоҳи нафсдиҳиву ду доруи зиддивирусӣ сохтаанд

Дар ин бора директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адхан Гебрейюсесс дар нишасти хабарие дар Женева рӯзи гузашта иттилоъ додааст.

"Дар тӯли 24 соати охир 106,000 ҳодисаи нав ба қайд гирифта шудааст. Ин бузургтарин нишондод дар як рӯз пас аз пандемия аст. Қариб аз се ду ҳиссаи ин ҳолатҳо дар чаҳор кишвар ҳастанд", - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи вай, СҶБ инчунин аз афзоиши ҳодисаҳои COVID-19 дар кишварҳое, ки аҳолияшон даромади миёна ва кам доранд, изҳори нигаронӣ мекунад.

Бар пояи оморҳои ахири Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс теъдоди мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон аз 5 миллион гузашт.

То кунун аз ин беморӣ 1,9 миллион шифо ёфтаву 365 ҳазор тани дигар фавтидаанд.

Сегонаи кишварҳие, ки дар онҳо ҳолатҳои мубталошавӣ зиёд ба қайд гирифта шудааст, ин ИМА, Русия ва Бразилия мебошанд .