ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Давлат Сафар, шоири шинохтаи тоҷик дар саҳифаи фейсбукияш навори кӯтоҳи набераи дусолаашро нашр намудааст.
Кӯдак пешниҳоди баромадан аз гаҳвораро қатъиян рад карда, бо исрор таъкид мекунад, ки карантинай. Ин наворро теъдоди зиёди корбарон писандида, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудаанд.
Дар навори дигар Сазовори Давлат даъват мекунад, ки “дар хона бишинед, берун набароед, карантинай”.
Ин таъкиди Сазовори Давлат дар ҳолест, ки теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба ҳолати 20 май ба 2140 нафар (204 мавриди ҷадид) расида, аз ин беморӣ расман дар мамлакат 470 нафар шифо ёфта, 41 нафари дигар фавтидаанд.
Масъулин даъват мекунанд, ки мардум ҳадалимкон аз хона берун нашаванду фосилаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои беҳдоштро риоя намоянд.