Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Даргузашти писари хурдии қаҳрамони Тоҷикистон аз коронавирус ва бемории писарбузургаш-акс

Рустам Шоҳтемур, писари Шириншоҳ Шоҳтемур, қаҳрамони Тоҷикистон ва яке аз асосгузорони Тоҷикистони шӯравӣ, имрӯз дар оромгоҳи Захарови шаҳри Маскав ба хок супорида шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Рустам Шоҳтемур, писари хурдии Шириншоҳ Шоҳтемур 25 январи соли 1936 дар шаҳри Маскав таваллуд шуда, бо баҳои аъло Донишкадаи ҳавонавардии Маскавро хатм намудааст. Солиёни зиёд дар бахши ҳавопаймосозӣ фаъолият карда, 17 май бар асари коронавирус даргузаштааст. Далели таъхири маросими дафн дер расидани писари Рустам Шоҳтемур будаст, ки дар Украина қарор доштааст.

Қабристони Новодевичйе – оромгоҳи асосгузорони Тоҷикистон

Тавре Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷироати Тоҷикистон дар Русия, дар саҳифаи фейсбукияш хабар додааст, писари калонии Шириншоҳ Шоҳтемур, ки худ низ Шириншоҳ ном дорад, аз хабари даргузашти бародараш ранҷур шуда, дар беморхона бистарӣ шудааст ва натавонист дар маросими дафн иштирок кунад.

Рустами Шоҳтемур замони зиндагияш изҳор доштааст, ки гарчанде дар Маскав таваллуд шудааст, мехоҳад ӯро дар ватани таърихияш дафн кунанд, аммо ба далели пандемия ва марзбандӣ интиқоли ҷасад ба Ватан ғайриимкон будааст.

Рустам ва Шириншоҳ писарони Шириншоҳ Шоҳтемур, қаҳрамони Тоҷикистон мебошад. Шоҳтемур дар баробари ҳазорҳо ҳамсафону поягузорони Иттиҳоди Шӯравӣ қурбонӣ шуд ва бо иттиҳомоти бофта дар фаъолияти зиддишӯравӣ моҳи октябри соли 1937 парронда шуд.

Суҳбати писари Шириншоҳ: аз қитиқи пойи падар то саргузашти оила баъди "террор" - акс

Сарнавишти Шириншоҳ Шоҳтемур барои бисёриҳо маълум аст. Фарзанди деҳқони камбағал, ки  корманди роҳи оҳан шуду бо ҷонибдорӣ аз инқилоби шӯравӣ соли 1921 узви Ҳизби коммунист гардид. Солҳои 1921 – 1924 роҳбари Кумитаи инқилобии Помир ва масъули Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд.

Охирин макони инқилобчиён: қаҳрамонҳои Тоҷикистон дар кадом оромгоҳи Маскав мехобанд

Дар хотири бисёри ҳамзамонҳо ва наслҳои баъдӣ Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамчун мубориз ва асосгузори Тоҷикистони шӯравӣ ҷой гирифтааст, ки аз аввали солҳои 20-ум ба зарурати ташкили давлати мустақили Тоҷикистони шӯравӣ ва пайвастсозии ҳавзаи Хуҷанд ба он пойфишорӣ мекардааст.