ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Ташкилоти тиббии башардӯстонаи Духтурони Бидуни Марз – “Médecins Sans Frontières” (MSF) хабар дод, ки партовгоҳи ҷадид дар шаҳраки Шифо бо технологияи муосир барои идоракунии партовҳои соҳаи тиб таҷҳизонида шудааст.
MSF дар Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки минтақаи партовҳои тиббӣ бо оташдонҳои муосир муҷаҳҳаз шудааст, ки қобилияти нест кардани миқдори зиёди партовҳои гуногуни тиббӣ ба монанди ашёҳои тез ва доруҳои муҳлати истеъмолашон гузаштаро дорад.
“Барои эмин будан аз ифлосшавӣ хокистаре, ки дар оташдонҳо ҷамъ мешавад ба яке аз чаҳор чоҳҳои чуқур партофта мешавад ва ин чоҳҳо бояд ба муассиса ба муддати тӯлони хизмат кунанд”, - тавзеҳ дод ин созмон.
Манбаъ афзуд, кормандони партовгоҳ бо лавозимоти муҳофизатии шахсӣ таъмин шуданд.
Дар иттилоияи созмони “Духтурони бидуни марз” зикр шудааст, ки пандемияи коронавирус ё худ COVID-19 ба низоми тандурустии аксар кишварҳо зарба зад.
“Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба чунин дигаргунӣ омода набуд. Дар бештари кишварҳо, норасоии лавозимоти муҳофизаткунандаи шахсӣ вуҷуд дорад. Дар баробари ин, зарурати безараргардонии партовҳои тиббӣ ба миён меояд, зеро лавозимоти тиббии истифодашуда ба монанди ниқоб, дастпӯшҳо метавонанд манбаи иловагии сироят шаванд”, - илова намуд MSF.
Ин созмон таъкид намудаст, ки беморони сил барои сирояти COVID-19 осебпазир ҳисобида мешаванд ва таъмину идомаи табобат афзалият дорад.
“Бо дарназардошти ин, идоракунии партовҳои иншооти тиббӣ дар мубориза бар зидди бемориҳои нави сироятӣ ба монанди COVID-19 ва дигар бемориҳо, ба монанди сил, нақши муҳим дорад. Минтақаи навтаъсисшудаи идоракунии партовҳо дар беморхонаи шаҳраки Шифо (Мачитон) қадами калидӣ дар боздоштани ин сироят ва дигар бемориҳои сироятӣ мебошад”, - омадааст дар хабарнома.