Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Эмомалӣ Раҳмон бо ниқоби тиббӣ: боздид аз иншооти ҷадиди тандурустӣ

Котиботи раисиҷумҳур мегӯяд, рафти чорабиниҳои пешгирии паҳншавии беморӣ ва табобат таҳти назорати шахсии Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва кишвардор ба масъулин ҷиҳати пурзур кардани корҳои таъмини табобатхонаҳо бо маводи лозимаи тиббӣ, супоришҳои мушаххас медиҳад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Имрӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва сарвазири мамлакат, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19)  Коҳир Расулзода, бо фаъолияти як қатор иншооти таъиноти соҳаи тандурустии кишвар дар шаҳри Душанбе ошно шуданд.

Беморхонаи муваққатии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб”

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, сафари кории сарвари давлат дар шаҳри Душанбе бо боздид аз шароити Беморхонаи муваққатӣ, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб”- и Кумитаи ҷавонон ва варзиш таъсис ёфтааст, оғоз гардидааст.

Раҳмон дар бораи эълон нашудани карантин ва қудрати табибони тоҷик гуфт

Ба Президент иттилоъ додаанд, ки Беморхонаи муваққатӣ дар доираи дастгирии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати ба табобат фаро гирифтани 350 нафар беморони гирифтори коронавирус — COVID-19 аз тарафи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва як қатор соҳибкорони бо нангу номуси Ватан дар муҳлати як ҳафта созмон дода шудааст.

Дар беморхонаи муваққатӣ шароити хуб муҳайё гардида, ҳамзамон он дорои ошхона барои 150 нафар, ҳаммом ва дигар таҷҳизоти тиббӣ мебошад.

Ба муассисаи мазкур табибони соҳибтаҷриба ҷалб гардида, дар он маводи доруворӣ таъмин гардидааст, ҳамчунин, рахти хоб, ҷойи либосивазкунӣ, ҷевон барои гузоштани маводи доруворӣ дар назди бемор ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин гардида, аз ду тараф бо дарозии 170 метр таҷҳизоти ҳавотозакунӣ насб шудааст.

Раҳмон зимни боздид аз беморхонаи мазкур мақомоти дахлдор ва масъулини соҳаро вазифадор намудааст, ки бо дарназардошти вазъияти имрӯза таваҷҷӯҳи бештарро ба ташхису табобати дуруст ва нигоҳубини беморон равона намуда, ба мардум содиқона хизмат намоянд.

Беморхонаи муваққатӣ дар хобгоҳи нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Президент ҳамчунин бо рафти корҳо дар хобгоҳи нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба беморхонаи муваққатӣ табдил дода шудааст, шинос шудааст.

Иншооти мазкур аз 12 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он тибқи дастури кишвардор 650 кати хоб барои қабул ва табобати шахсони мубталои бемории нави сироятӣ ҷой дода мешавад.

11 супориши муҳлатноки Раҳмон ба Ҳукумат ва вазоратҳо барои пешгирии COVID - 19

Ҳуҷраҳои корӣ бо таҷҳизоти тиббие, ки барои муолиҷаи гирифторони бемории сироятӣ зарур аст, таъмин буда, ҳамчунин мутахассисони баландихтисос дар беморхонаи муваққатӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

 

Тибқи иттилои котибот, айни ҳол дар шаҳри Душанбе беш аз 30 беморхона бо 5 ҳазору 284 кат ва беш аз 5 ҳазору 390 нафар табиб ва кормандони соҳаи тиббӣ ба беморони гирифтори коронавирус хизмат мерасонанд.

Дар асоси дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ба таври илова якчанд беморхонаи муваққатӣ барои зиёда аз 3200 кат баҳри табобати гирифторони COVID-19 бо фароҳам овардани ҳама шароити зарурӣ, алалхусус бо ҷалби мутахассисони варзидаву соҳибтаҷриба, таъмини таҷҳизоти тиббии баландсифат ва доруворӣ ташкил карда шудааст.

Дар саҳни ҳавлии хобгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди Беморхонаи шаҳрии касалиҳои сироятӣ дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Беморхонаи мазкур бо ғунҷоиши 1500 кати хоб ба нақша гирифта шуда, дар марҳилаи авввал барои қабули то 640 бемор омода мегардад.

Сарвари давлат супориш додааст, ки корҳои лоиҳакашии беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе ба анҷом расонида, худи ҳамин сол корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шавад.

Беморхонаи муваққатии Гимназияи ҳарбии ба номи “Ворисони Куруши Кабир”

Ҳамчунин, имрӯз  бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода ба Гимназияи ҳарбии ба номи “Ворисони Куруши Кабир”-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ташриф оварда, аз вазъи иншоот, ки ҳамчун беморхонаи сироятии муваққатӣ барои қабули беморон ташкил гардидааст, шинос шуданд.

Раҳмон дақиқ гуфт, барои мубориза бо вируси корона чӣ қадар маблағ ҷамъ шудааст

Дар беморхонаи сироятии муваққатӣ барои бистарӣ кардан ва ба муолиҷа фаро гирифтани маризон 16 ҳуҷра бо 110 кати хоб таъмин мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар беморхона 4 кати функсионалӣ,  10 кати муолиҷаи шиддатнок бо хати оксиген ва 18 адад кати эҳёгарӣ тайёр буда, 2 адад оксигенатор, 1 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 2 дастгоҳи балғамкашакии барқӣ ва 2 дастгоҳи дефибриллятор барои муолиҷаи беморон мавҷуд аст.

Беморхонаи сироятии муваққатӣ дорои шуъбаи мардона бо 55 кат ва занона бо 37 кат буда, дар он ҳуҷраи безараргардонӣ низ бо таҷҳизоти зарурӣ фаъолият менамояд.

Дар беморхонаи сироятии муваққатӣ 42 нафар мутахассиси соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 13 табиб, 30 корманди миёнаи соҳаи тиб барои табобату муолиҷаи ҳамаҷонибаи беморон ба фаъолият ҷалб карда шуда, онҳо бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, либосҳои муҳофизатӣ, айнак, дастпӯшак ва ниқобҳои тиббӣ таъмин мебошанд.

Беморхонаи сироятии муваққатӣ ҳамчунин дорои ошхонаи ҷавобгӯ ба талаботи имрӯз аст.

Беморхонаи сайёр дар варзишгоҳи  "Бофанда"

Ҳамчунин сиёсатмадорон аз беморхонаи сайёр, ки дар варзишгоҳи “Бофанда” ташкил шудааст, боздид намуданд.

Дар зудтарин фурсат: рафти сохтмони дармонгоҳи сайёр дар варзишгоҳи "Бофанда" - акс

Мавриди зикр аст, ки зимни сӯҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Шавкат Мирзиёев дар доираи ҳамкориҳои судманди дӯстона бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 144 контейнери махсуси тиббӣ якҷо бо таҷҳизоти махсуси нафасрасонии сунъӣ (ИВЛ) дастрас карда шуд.

Ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот дар ин муассисаи тандурустӣ, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат анҷом дода шуд, таҳти назорати бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дошт.

Дар асоси нишондоди лоиҳа, беморхона дар масоҳати 3600 метри мураббаъ сохта шуда, барои муолиҷаи гирифторони бемории сироятии коронавирус пешбинӣ шудааст.

Беморхонаи сайёр бо муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз шуда, барои табибон ва беморон шароитҳои лозима фароҳам гардидааст. Ҳар як контейнер аз як ё ду ҳуҷраи хурд иборат мебошад, ки дар он барои табобат ва зист шароити лозима мавҷуд аст. Дар контейнерҳо вобаста ба ҳаҷмашон 4 ва 6 нафарӣ бемор ҷойгир хоҳанд шуд ва дар маҷмуъ имкон аст, ки 984 нафар ба табобат фаро гирифта шаванд.

Аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе васлу насби таҷҳизот ба анҷом расида, корҳои чароғонсозӣ ва мумфаршкунии гирду атрофи муассиса корҳо пурра ба итмом расидааст.

Сарвари давлат ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои зертобеи он, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони ҳимматбаланду ширкатҳои сохтмонии маҳаллӣ барои анҷоми босуръату сифати тадбирҳои сохтмонӣ дар ин иншоот арзи сипосу миннатдорӣ карданд.

Беморхонави муваққатӣ дар коллеҷи тиббӣ

Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ дар ноҳияи Сино Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе аз вазъи беморхонаи муваққатӣ шинос шуданд.

Иншооти мазкур тибқи супориши Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои пешгирии паҳншавии бемории нави сироятии COVID-19 барои қабули 500 нафар беморони мубталои короновирус муҷаҳҳаз бо тамоми техника ва лавозимоти зарурӣ омода гардидааст.

Беморхона дар масоҳати 14 ҳазору 200 метри мураббаъ бунёд шуда, он аз 6 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Мавриди зикр аст, ки бинои асосии Муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе соли гузашта бунёд гардида буд ва бо дарназардошти пайдо ва паҳн гардидани коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муддати кутоҳ ба беморхонаи муваққатӣ табдил дода шуд.

Иншоот аз 5 қисм иборат буда, дорои 110 ҳуҷраи муолиҷавӣ, 24 утоқи корӣ барои табибон ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар беморхона имкон аст дар як вақт то 500 нафар бемор ба табобат фаро гирифта шавад.

Қарори Раҳмон: ташкили Хадамоти нав дар Ҳукумат

Дар ошёнаи якум тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла дастгоҳи рентгинӣ мавҷуд аст, ки барои муоина ва муайян намудани ҳолати бемор мусоид аст. Шуъбаи эҳё низ дар ошёнаи якум ҷой дода шудааст.

Ҳамаи утоқҳои муолиҷавӣ бо таҷҳизоти зарурии муосири тиббӣ таъмин карда шудааст.

Шуъбаи эҳё аз 36 кат, аз ҷумла 23 кати функсионалӣ ва 13 кати оддӣ иборат буда, бо 24 адад дастгоҳи нафаскашии сунъи “Боброва”, 12 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 13 адад балғамкашаки барқӣ, 6 адад дастгоҳи таъминкунандаи нафас, 7 адад монитор, 2 адад инфузомат, 3 адад халтаи амбу, 2 адад лампаҳои кварсӣ ва 1 адад дефибрилятор муҷаҳҳаз аст.

Ҳамзамон як мошини сайёри рентген ва ду мошини ёрии таъҷилӣ дар хизмати беморон мебошад.

Бо назардошти фаъолияти шабонарӯзии табибон ошёнаи шашуми иншоот, ки дорои 22 утоқ мебошад, барои табибон пешбинӣ шуда, бо тамоми таҷҳизот, ҷой ва рахти хоб таъмин мебошад.

Барои бехатарии наздикони беморон ва инчунин табибону дигар кормандони беморхона долонҳои сабз ва сурх муайян шудааст ва талаботи санитарию беҳдоштӣ қатъиян риоя ва назорат карда мешавад.

Сӯҳбати Давлатов аз бақои коронавирус, иштибоҳи табибони тоҷик ва кор дар Ватан

Маводи доруворӣ, либосҳои махсуси муҳофизатӣ, инчунин маҳлулҳои безараргардонӣ ва дигар лавозимоти муҳими тиббӣ дар ин беморхона ва беморхонаҳои муваққатии дигар ба миқдори зарурӣ таъмин мебошад.

Танҳо имрӯз бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар беморхонаҳои муваққатии пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе барои қабули беморони мубталои короновирус бештар аз 3200 ҷойи эҳтиётӣ муҳайё карда шуд.

Котиботи раисиҷумҳур мегӯяд, Рафти чорабиниҳои пешгирии паҳншавии беморӣ ва табобати аҳолӣ таҳти назорати шахсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва Сарвари давлат ҳамарӯза ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати пурзур кардани корҳои таъмини табобатхонаҳо бо маводи лозимаи тиббӣ, доруворӣ ва хӯрока, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон, таъмини шароити мусоид барои муолиҷаи гирифторони ин беморӣ ва тақвият бахшидани тадбирҳои санитарию гигиенӣ миёни аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.