Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Раҳмон дар бораи эълон нашудани карантин ва қудрати табибони тоҷик гуфт

Президент гуфт, ҳар як сокини кишварро зарур аст, ба хотири ҳарчи зудтар бартараф гардидани ин беморӣ риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштиро идома диҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 20 май, зимни мулоқот бо табибони тоҷик гуфт, онҳо аз уҳдаи ҳалли душвортарин масъала мебароянд.

Президенти Тоҷикистон ёдоварӣ кард, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик мисли Абӯалӣ ибни Сино, Абӯбакр Закариёи Розӣ садҳо донишмандонеро ба воя расонидаанд, ки осори онҳо то ба имрӯз аҳаммияти худро гум накарда, барои башарият ҳамчун раҳнамои тиббӣ хизмат менамоянд.

"Бахусус, хизмати Синои бузург дар ин ҷода беназир буда, вай дар замонаш на танҳо барои мардуми худ, балки ба аксари қавму қабилаҳо, сарфи назар аз дину мазҳаб ва ирқу нажод, дасти мадад дароз кардааст".

Ҳакими бузург, инчунин, барои шифо ёфтан аз бемориҳои сироятӣ бисёр маслиҳатҳои муфид додааст ва ҳазорон нафар одамонро аз вабоҳои шадид халос намудааст.

Президент бовар дорад, ки табибони тоҷик аз ҳалли душвортарин масъала мебароянд ва мардуми тоҷик бидуни карантин метавонанд бар вабои аср пирӯз шаванд.

"Дар ҳоле, ки мо карантин эълон накардаем, шаҳрвандони мо бо риояи талаботи беҳдоштӣ ва тартибу низом ба пастшавии шиддати беморӣ кумак карда истодаанд. Таҳлилҳо ҳам нишон медиҳанд, ки вазъият рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки ба хотири ҳарчи зудтар бартараф гардидани ин беморӣ риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштиро идома диҳад. Бори дигар таъкид мекунам, ки саломатии ҳар як шахс, пеш аз ҳама, дар дасти худи ӯст ва табобати беморӣ низ дар сурати ҳамкории мардум бо табибон натиҷаи нек медиҳад", - гуфт президент.

Раҳмон афзуд, ки дар ин вазъият набояд рӯҳафтода шуд, чун зиндагӣ аз пастию баландӣ иборат аст.

"Ман дар суханрониҳои худ борҳо гуфтаам ва имрӯз бори дигар такрор мекунам, ки зиндагӣ аз рӯзи таваллуд то дами вопасини умри инсон мубориза аст. Дар ин мубориза шахсе дастболо мешавад, ки иродаи қавӣ ва умед ба фардо дошта, ақлу заковат, донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро истифода мебарад. Мардуми тоҷик ҳатто дар замони истиқлол давраҳои аз ин беморӣ чандин баробар вазнинтарро паси сар карданд. Дилпурона иброз медорам, ки ин марҳалаи мушкилро низ бо сари баланд сипарӣ мекунанд".

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар суханронияш аз номи Ҳукумати мамлакат, шахсан аз номи худ ба ҳамаи табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар ин рӯзҳои вазнин ба шаҳрвандони кишвар дармон бахшида истодаанд, изҳори ташаккур намуда, ба ҳар кадомашон, тани сиҳат ва барори кор таманно кард.