Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

15 гирифтори COVID - 19 дар ноҳияи Рӯшон: президент кумак фиристод

Кумакҳо, ки аз 35 тонна маводи ғизоӣ, либосҳои махсуси муҳофизатӣ барои табибон ва дорую дармон барои беморон иборат будаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Кормандони соҳаи тибби ноҳияи Рӯшони  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва бемороне, ки ҳоло дар беморхонаи марказии ин ноҳия табобат мегиранд, аз кумакҳои президенти Тоҷикистон бархурдор гардиданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ "Ховар" Файз Мирасан.

Ин кумакҳо, ки аз 35 тонна маводи ғизоӣ, либосҳои махсуси муҳофизатӣ барои табибон ва дорую дармон барои беморон иборатанд, дар ҳузури намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар анборхона захира  шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ 20 тонна кумаки башардӯстона равон кард - аксҳо

Гуфта мешавад, ки маводҳо ба беморхонаҳои минтақавии водии Бартанг, марказҳои саломатии ҷамоатҳои деҳоти ин ноҳия интиқол дода мешаванд.

Сардухтури беморхонаи ноҳиявӣ Худоназар Мардонаев барои чунин кумаки саривақтӣ аз номи кормандони соҳаи тиб ва беморони мубтало ба COVID-19 миннатдорӣ баён намуда, изҳор дошт, ки табибон дар айни ҳол шабонарӯзӣ ба муолиҷаи беморон ва пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ машғуланд. Дар ин кор ба онҳо мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорону шахсони саховатпеша низ кумак мерасонанд.

Ба гуфтаи сардухтури беморхона, "аз рӯзи эълон шудани пандемия дар мамлакат дар беморхона 15 нафар бистарӣ шуданд, ки то имрӯз  8 нафарашон табобат ёфта, ба хонаҳояшон баргаштанд. Вазъи беморони дигар низ хуб аст ва умедворем, ки рӯзҳои наздик пурра шифо хоҳанд ёфт".

Ба андешаи  мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Зубайда Султонбекова, "агар хоҳем, ки аз ин бемории сироятии марговар наҷот ёбем, бояд дар атрофи давлати соҳибистилолу ҳукумати ҷумҳуриамон муттаҳид бошем. Танҳо ҳамин муттаҳидию ҳамбастагӣ моро наҷот медиҳад".

Ёдрас мешавем, ки то 19 май, теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 1936 нафар (207 мавриди ҷадид) расид.

Бар пояи нишондоди омори вазорат, давоми ин шабонарӯз ягон нафар нафавтидааст, шумораи онҳое, ки аз ин маризӣ тайи рӯзҳои гузашта фавтиданд ба 41 нафар расид.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат  3781 нафар  зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 641  нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.