Садамаи маргбор дар Душанбе: бархурди ду такси ва ҳалокати ҳарду ронанда

Дар натиҷаи як садама, ки ахиран дар шаҳри Душанбе дар назди “Боғи Ҳайвонот” сурат гирифт, ду ронандаи таксии ширкати “Олуча-Таксӣ” ва “Рахш-Таксӣ” ба ҳалокат расиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 май – Sputnik. Бино бар иттилои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, садамаи маргбор шоми 19 май дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.

Садама дар шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд: шаш нафар аз доми марг наҷот ёфтанд

Ба гуфтаи манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ниссан”, Исматов Абдулқосим Сафиевич, соли таваллудаш 1984, ронандаи ширкати  “Рахш-Таксӣ” будааст, ҳангоми ҳаракат аз самти хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Варзишгарон, дар назди “Боғи Ҳайвонот” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай”, таҳти идораи ронанда, Каримов Абдуваҳҳоб А, соли таваллудаш 1985, ки ронандаи ширкати “Олуча-Таксӣ”будааст, бурхӯрдааст. 

 

Дар натиҷаи ин садама, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ниссан”, Исматов А.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ронандаи дигар ки автомашинаи “Хундай”-ро идора мекард ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона соати 21:05-дақиқа, ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи пойтахт аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқотро идома доранд.