Тоҷикистон кумаки навбатӣ гирифт: ЮНИСЕФ ва ИА 13 тонна маводи тиббӣ ирсол карданд

ЮНИСЕФ ва ИА ба хотири дастгирӣ намудани Тоҷикистон дар мубориза бо маризии коронавирус ҳудуди 13 тонна маводҳои тиббӣ ирсол намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Кумаки ин ду созмонро Вазорати беҳдошти Тоҷикистон қабул намуд ва он асосан аз либосҳои муҳоҷизатӣ барои пизишкон ва дигар маводҳои зарурии тиббӣ иборат аст.

Ба Душанбе 13 тонна маводи дорувории лозима ворид шуд. Ин маводҳо таҷҳизоти муҳофизатии зарурии шахсӣ иборат буда, 36 ҳазор либоси муҳофизатӣ, 40 ҳазор ниқобҳои тиббии N95 ва 720 ҳароратсанҷро дар бар мегирад.

Тамоми мавод дар асоси ҳамкорӣ ва мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон  тартиб дода, харидорӣ шудаанд. ЮНИСЕФ Тоҷикистон маводҳоро мустақиман ба муассисаҳои интихобшудаи тиббии кишвар дастрас менамояд ва ҳамзамон механизми махсус барои арзёбии ниёзҳо ба маводҳои тибби ба ҷо гузошта мешавад.

Фаврӣ: шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон зиёд шуд - омори нав

Бо 1.3 миллион ЕВРО, 1,500 мутахассисони тиббӣ дар беморхонаҳо ва муассисаҳои карантинӣ бо таҷҳизотҳои зарурии муҳофизатии шахсӣ, аз ҷумла ниқобҳои тиббӣ/ҷарроҳӣ, респираторҳо, дастпӯшакҳо ва хилъатҳо ҷиҳозонида мешаванд, ки ин имконияти лозима барои нигоҳубини 40,000 беморони COVID-19 медиҳад.

Омори тозаи Вазорати тандурустӣ: 29 фавт ва 907 мубталои коронавирус дар Тоҷикистон

Чорраҳои ҳадди ақал барои татбиқи самароноки пешгирии сироят ва назорат дар муассиҳаои интихобшуда ба ҷо оварда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан системаҳои озмоишӣ ва доруворӣ ба Тоҷикистон аз Русия ворид мешуданд, ҳамагӣ чоряки кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон аз Федератсияи Русия рост меояд.

Бо мақсади мубориза алайҳи бемории нави, Вазорати тандурустии Тоҷикистон тавассути ТУТ 23 ҳазор системаҳои санҷиширо аз Русия ворид кард.