ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Масъулони Шӯрои Федератсияи Русия, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Русия ва Тоҷикистон масъалаи интиқол додани омӯзгорони рус аз Тоҷикистонро баррасӣ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Шӯрои Федератсия.
Ба ҳамин минвол, Русия тасмим гирифт, 48 омӯзгор аз 16 минтақаи Русия, ки то ҳол дар мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон дарс мегуфтанд, баргардонад.
Гумерова шарҳ дод, ки чаро омӯзгорони рус мехоҳанд дар Тоҷикистон бимонанд
Гумерова гуфт, ки рӯзи 25 май ҳавопаймои вижа вориди Тоҷикистон мешавад, то муаллимони русро аз кишвар берун орад. Аммо, ин маънои онро надорад, ки лоиҳаи башардӯстона қатъ карда мешавад.
Тавре сенатор қайд кард, омӯзгорони рус пас аз хотима ёфтани пандемияи коронавирус рисолати худро идома медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи таълимӣ байни Русия ва Тоҷикистон соли 2017 роҳандозӣ шуд. Ташаббускори ин лоиҳа раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко буд.