Намояндаи доимии Русия дар ЮНЕСКО Киевро барои эълони таҳримҳо зидди Русия ваҳшӣ гуфт

Намояндаи доимии Русия дар ЮНЕСКО Александр Кузнетсов дар бораи таҳримҳои "фарҳангӣ" -и зидди Русия дар Украина ибрози назар кард. Ӯ мегӯяд, Украина на танҳо бузургтарин марказҳои русия, балки фарҳанги ҷаҳониро ҳадаф гирифтанд
Sputnik

Амалкарди Украина мухолифи талаботи ҷомеа ҷаҳонӣ мебошад. Украина бо пиёда намудани таҳримоти зидди созмонҳои фарҳангӣ ва маърифатии Русия, мухолифати худро нисбати ҷомеа ҷаҳонӣ нишон медиҳад, зеро дар замони пандемия дастрасии мардум ба ёдгориҳо, осорхонаҳо ва объектҳои фарҳангӣ зарур аст, изҳор доштаст намояндаи доимии Русия дар ЮНИСЕФ Александр Кузнетсов аснои мусоҳиба бо хабарнигори РИА Новости Виктория Иванова.

- Александр Игоревич, дар охири ҳафтаи гузашта, Украина бар зидди муассисаҳои фарҳангӣ ва илмии Русия ба мӯҳлати се сол таҳримот ҷорӣ кард. Ҷамъияти географии Русия, Эрмитаж, осорхонаи Пушкин Институти археологияи АИ Пушкин, Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов ва якчанд муассисаҳои дигар. Шумо ин амалкарди Киевро чӣ гуна  шарҳ медиҳед?

- Албатта, ин амали ғаразноки мақомоти Киев аст, ки на танҳо дар иртиботи байналмилалӣ, балки дар ҷомеаи маданӣ низ қобили қабул нест. Бисёре аз намояндагони Русия аллакай дар ин бора ибрози назар кардаанд, аз ин рӯ ман танҳо дар мавриди баҳодиҳии созмони ЮНЕСКО ба рафтори Украина нақл мекунам.

Дастури Зеленский барои додани шаҳрвандии Украина ба шаҳрвандони Русия

Ҳоло, тавре ки шумо медонед, Созмон фаъолона кор мекунад, то оқибатҳои пандемияи коронавирус арзишҳои фарҳангии ҷаҳонӣ зери хатари маҳвшавӣ қарор нагиранд. Хусусан, дар ин замони ҳассос, ки миллионҳо одамон ба онҳо дастрасӣ надоранд. Ин на танҳо дар бораи ёдгориҳои таърихие, ки ҳоло бар асари пандемия баста шудаанд, балки дар бораи музейҳо, театрҳо, толорҳои консертӣ ҳам аст. дар ҳамин робита якчанд ташаббусҳои мушаххас оид ба ин ҳисобҳо мавҷуд аст, аз ҷумла ташаббусҳои ходимони фарҳангии Русия.

Ва мо ҳоло бо Котиботи ЮНЕСКО муҳокима карда истодаем, ки чӣ гуна ин ҳама амалиётро беҳтар истифода барем, албатта бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ, ки имкон медиҳад чорабиниҳои миқёсан дурдаст баргузор карда шаванд.

"Дар ин замина, маълум мешавад, ки Украина, бо амалҳои худ, аз тамоми ҷомеаи ҷаҳонии фарҳангӣ фарқ мекунад".

Амалкарди Украинаро метавон чунин баҳогузорӣ кард, ки гӯё  ваҳшие бо дастачӯб вориди толори фарҳангӣ буда, дар барномаи консертии мусиқии симфониявӣ ҷанҷол бардошт. Ва ин бисёр таассуфовар аст, чун дар гузашта, Украина дар фаъолияти ЮНЕСКО саҳми назаррас гузошта буд.

Ҳоло Украина на танҳо ба марказҳои калони  фарҳангии Русия, балки ба фарҳанги ҷаҳонӣ дар набард аст. Шояд онҳо ба ин амали пасташон иктифоъ накарда дар Майдон ба оташ задани  китобҳои классикони рус шурӯъ кунанд.  Ин ҳама таассуроти дардоварро ба бор меорад, афзудааст Кузнетсов.

- Оқибатҳои ин тасмим барои ҳамкориҳои байналмилалӣ чӣ гунаанд?

- Ман ягон оқибати мушаххас дар арсаи ҳамкориҳои байналмилалиро намебинам - дар масъалаи фарҳанг ЮНЕСКО  пайваста ҳамбастагиро нишон медиҳад. Чанде пеш ман бо Директори генералии ин созмон Одри Азуле гуфтугӯ доштем ва ба хулосае омадем, ки  амалу афкори мо як аст, яъне чӣ гуна бояд дар замони баста будани бузургтарин объектҳои фарҳангӣ дастрасии мардум ба онҳо ва нигоҳ доштани маълумоти фарҳангиро муҳайё созем. Маҳз ба ин ҳадафҳо мо дар ояндаи наздик бо иштироки фаъоли Русия хоҳем расид.

- ЮНЕСКО дар посух ба дархости РИА Новости, бобати тавзеҳ додани амалҳои мақомоти Украинаро рад намуда, изҳор дошт, ки дар масъалаҳои кишварҳои ширкаткунанда бетараф аст.  Ба андешаи шумо, оё созмоне, ки бевосита марбут ба фарҳанг аст ба вазъи мавҷуда дахолат мекунад?

Ин ҷо ман бо мавқеи Котиботи ЮНЕСКО розӣ нестам ва борҳо дар ин бора ба онҳо гуфта будам. Ман гумон мекунам, ки ин як зуҳуроти стандартҳои дугона мебошад. Зеро ЮНЕСКО ба баъзе воқеаҳое, ки рух медиҳанд ва боиси нигаронии кишварҳои Ғарб мешавад, ҳатман расидагӣ мекунанд, вале вақте ки мо барои поймол кардани принсипҳо ва арзишҳои бунёдии ЮНЕСКО талош мекунем, Котибот хомӯш аст ва посух намедиҳад.