КҲФ зарари сел дар ноҳияи Хуросонро эълон кард

Дар умум, дар  пайи боронҳои шадиди рӯзҳои 14-16-уми май 338 хонаи истиқоматӣ зарар дидааст, ки 14 хона пурра, 1 хона қисман хароб шуда ва 12 хонаро худи сокинон ҷамъу ғун кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар пайи санҷиш зарари селҳои чанд рӯзи гузашта дар ноҳияи Хуросонро эълон кард.

Дастури Ҳакимзода барои ҷудо кардани қитъаи замин ба хонаводаҳои зарардидаи Хуросон

Ёдовар мешавем, бар асари боронҳои шадиди рӯзҳои 14-16-уми майи соли равон дар деҳаҳои Неъматулло Асадулло, XVIII Партсъезд ва Хуросони ҷамоати ба номи Садриддин Анйӣ, ҳамчунин рустои Пахтаободи ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сел омад ва хонаҳои истиқомативу қитъаҳои наздиҳвлигии сокинонро зери об кард. 

Дар умум, дар  пайи боронҳои шадиди рӯзҳои 14-16-уми май 338 хонаи истиқоматӣ зарар дидааст, ки 14 хона пурра, 1 хона қисман хароб шуда ва 12 хонаро худи сокинон ҷамъу ғун кардаанд. 

Манбаъ мегӯяд, бо мақсади роҳандозии корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда рӯзи 14-уми майи кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва техникаи махсусро ба ноҳияи осебдида равон карда буд.

Гуфта мешавад то ҳол 28 хонаи истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ  аз лойу лойоба тоза карда шуданд, корҳо дар самти бартарафсозии паёмадҳои ин офати табиӣ идома доранд. 

“Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон 35 хайма барои ташкили шаҳраки муваққатии хайманишинон ҷудо намуд ва  дар он хонаводаҳое, ки ҷойи рафт надоштанд, ҷойгир карда шуданд”,-афзудааст манбаъ. 

Дафтари матбуотии раиси вилояти Хатлон субҳи имрӯз иттилоъ дод, ки барои сокинони офатзада маводи аввалияи ниёзи онҳо ирсол карда шуд.

Ёдовар мешавм рӯзи гузашта низ дар пайи боздиди Қурбон Ҳакимзода, раиси вилоят бо муовини сарвазир аз макони офатзада, ваъда дода шудааст, ки барои онҳо заминҳои наздиҳавлигӣ бари бунёди манзил ҷудо карда мешавад.