Богданов дар бораи афзоиши рубл нисбат ба сомонӣ: барои Тоҷикистон ин бад нест

 Олег Богданов, таҳлилгари аршади QBF гуфт, болоравии қурби рубли русӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон чӣ гуна таъсир хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон қурби рубли русӣ дар як рӯзи охир нисбат ба пули миллӣ - сомонӣ ба таври назаррас боло рафт. Тибқи маълумоти расмӣ Бонки миллии Тоҷикистон, як рубли русӣ аз 0.1388 то 0.1402 сомонӣ боло рафтааст.

Бонки миллӣ қурби асъори хориҷиро эълон кард: рубл якбора боло рафт

"Аз нигоҳи гардиши савдо, пули сомонӣ арзон мешавад, рубл мутаносибан гаронтар. Аз ин рӯ ширкатҳои Русия метавонанд дар Тоҷикистон молҳои бештарро харидорӣ кунанд. Маҳсулот ва хидматрасониҳои Тоҷикистон дар Федератсияи Русия талаботи зиёд пайдо мекунад, зеро онҳо барои Русия арзон хоҳанд шуд", - гуфт Богданов ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи вай, дар маҷмӯъ, барои Тоҷикистон ин бад нест.
БА таъкиди ӯ, ҳоло рубл қариб ба нуқтае, аз онафтид, баргаштан дорад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аксари сармоягузорон лозим донистпнд пз бозорҳои Русия нараванд ва, мизони коҳиш низ назаррас набуд.
"Агар мо ҳамаи асъорҳои кишварҳоро бо иқтисодиёти рушдёбанда муқоиса намоем, пас пули ҳақиқии Бразилия, лираи туркӣ хеле бадтар шуд ва рубли русӣ дар ин давраи нооромии пуршиддат барои бозори молиявӣ ба пули устувор табдил ёфт", - гуфт коршинос.
Ба гуфтаи Богданов, рубли русӣ устувориро нишон дод, рубл болоравии таваррумро дар Русия нигоҳ дошт. Аз ин рӯ, вақте ки ҳама чиз ба эътидол омад, рубл зуд натанҳо нисбати асъорҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла ба сомонӣ, балки ҳамчун асъори асосӣ таҳким ёфт.
"Агар вазъ дар бозорҳои ҷаҳонӣ мӯътадил боқӣ монад, пас сармоягузорон дороии Русияро интихоб мекунанд, ки фоидаи зиёд доранд", гуфт коршинос.