ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Расонаҳои покистонӣ ахиран хабар доданд кормандони кохи нахуствазир, ки гирифтори вируси корона шуданд зери қарантина қарор доранд ва ба думболи он тамомии тадбирҳои эҳтиётӣ дар дохили кохи нахуствазирӣ иҷро шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНО.
То кунун раиси Маҷлиси Покистон, ҳукмрони иёлати Синд, чанд тан аз намояндагони маҷлисҳои миллӣ ва иёлатӣ ва ду нафар аз вазирони давлатҳои иёлатии ин кишвар коронавирус гирифта буданд, ки ҳамаи онон пас аз карантин ва гузарондани раванди дармон, беҳбуд ёфтанд.
Имрон Хон, нахуствазири Покистон 23 апрели гузашта озмоиши коронавирус дод, ки натиҷаи он манфӣ эълом шуд.
Пас аз таиди мубтало шудани раиси як бунёди хайрияи Покистон ба коронавирус, ки бо нахуствазири ин кишвар дидор карда буд, Имрон Хон тасмим ба анҷоми озмоиши коронавирус гирифт.
Бар асоси охирин иттилооти Ситоди амалиёт ва мудирияти мубориза бо коронавирус дар Покистон, 38 ҳазору 799 нафар дар ин кишвар ба коронавирус олуда шуда, 10 ҳазору 880 нафар беҳбуд ёфта ва 834 бемор низ ҷони худро аз даст додаанд.