Ҳамбастагии нашрияи тоҷикии шаҳри Самарқанд бо мардуми Тоҷикситон

Масъулони нашрияи тоҷикии шаҳри Самарқанд мавсум ба Овози Самарқанд бо интишори матлабе дар шароити густариши коронавирус бо мардуми Тоҷикистон ибрози ҳамбастагӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik.  Дар сомонаи нашрияи Овози Самарқанд, Баҳодур Раҳмонов ва Неъмон Маҳмудӣ дар як паёме ба намояндагӣ аз мардуми Ӯзбекистон ва тоҷикони Самарқанд дар шароити густариши коронавирус дар Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки дар чунин рӯзҳои сахт дар канори мардуми тоҷик хоҳанд монд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Тамдиди қарантина дар Ӯзбекистон ва афзоиши мубталоён ба коронавирус дар Қирғизистон

Онон бо ишора ба ирсоли таҷҳизот, колоҳои беҳдоштӣ ва пизишкони мутахассис ба Тоҷикистон барои кумак ба тоҷикҳо, оғози сохти бемористони саҳроӣ ба дасти муҳандисони узбекистонӣ дар шаҳри Душанбе ба дастури Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон, ин иқдомро исботи амалии равобити дӯстона ва бародаронаи мардумони ин ду кишвар унвон кардаанд.

7 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 дар Ӯзбекистон: cе мариз аз Тоҷикистон ворид шуданд

Дар ин паём таъкид шудааст, ки дӯстии мардумони ду кишвар таърихӣ ва дерина мебошад ва дар шароити сахти густариши коронавирус дар Тоҷикистон, мақомот ва мардуми Ӯзбекистон дар оянда низ кумакҳои бештаре ба тоҷикҳо хоҳанд расонд.