Доктор Абдулло Давлатов ба коронавирус сироят ёфт: ӯ роҳи табобатро ба дигарон ҳам гуфт

Доктори номии тоҷик, ки муқими Маскав аст, аз сироят ёфтанаш ба коронавирус хабар дод. Ӯ ба дигарон маслиҳат дод, ки дар роҳи мубориза бо ин вируси "маккор" кадом шеваро бояд истифода бурд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Доктор Абдулло Давлатов, пизишки тоҷик ва раҳбари пешини Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия аз сироят ёфтанаш ба вируси корона хабар дода, ба корбарони Фейсбук маслиҳат додааст, ки дар мубориза бо КОВИД-19 бояд чӣ кор кард.

Ба қавли Давлатов, ӯ ҳангоми табобати гирифторони коронавирус дар яке аз дармонгоҳҳои Москав худ ба ин маризӣ печидааст.

"Бистуми апрел шӯъбаи терапиро давр задам ва онҷо 3 беморе буданд, ки дар якеаш плеврит ташхис кардему ҳамон рӯз фавран пунктсия карда 1.5 литр моеъ аз пардаҳои шуши чапаш гирифтему ба лаборатория фиристодем. COVID-19 ёфтанд. Боз 2 нафари дигар аз ҳамон шӯъба сироят шуда будаанд. Шӯъбаро фаврӣ карантин кардему мо ҳама муоина шудему ба карантини хонагӣ рафтем", - менависад доктор.

Давлатов афзудааст, "дар аввал ҳеҷ шикояте надоштам ва ягон аломат пайдо набуд. Вале, ба тадриҷ дар нафаскашӣ мушкилӣ пайдо шуд. Пулсоксиметрия нишон дод, ки О2 дар хун 95% аст. Ин ҳушдорӣ буд, агарчӣ бонги хатар ҳам набуд. Рӯзи 15 натиҷа маълум шуд - COVID-19. Фаврӣ бистарӣ карданд."

Қурбони коронавирус шудани беш аз 70 пизишк дар Русия

Пизишки тоҷик гуфтааст, ки дар бемористон табобаташ 3 рӯз идома ёфт ва аллакай мураххас шудааст.

Табиб маслиҳат додааст, ки бо ду дору метавон ин вирусро табобат кард, ки яке Гидроксихлорохин ва дигаре  Азитромитсин аст.

"На зарурати чак-чак асту на сӯзандоруву на ғайраи зараровар", - менависад вай.

Албатта, ин ду дорӯ бо тавсияи духтур бояд истифода шаванд, таъкид мекунад Абдулло Давлатов.

Натарсед! ифшогариҳои зодаи Тоҷикистон, ки дар Русия бар коронавирус пирӯз шуд