Дастури Ҳакимзода барои ҷудо кардани қитъаи замин ба хонаводаҳои зарардидаи Хуросон

Қурбон Ҳакимзода ба масъулони ниҳодҳои дахлдор ҷиҳати вусъатбахшии корҳои бартарафсозӣ, таъмини ғизои гарми барои ёрмандону осебдидагон, пешбурди корҳои дезинфексионӣ ва таъмини оилаҳои зарардида бо замини наздиҳавлигӣ дастуру супоришҳо додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва муовини сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз деҳаҳои Хуросон, Истиқлол, ба номи Неъматулло Асадулло ва 18-ум анҷумани ҳизби Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон, ки дар натиҷаи боридани борони сахт ва омадани сел осеб дидаанд, дидан намудаанд.

Дар ин бора мацомоти ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Сокинони офатзадаи Хуросон бо эътироз роҳи Душанбе-Бохтарро бастанд: ба мо кумак кунед

Ёдрас мешавем, ки рӯзҳои 14 ва 16 майи соли ҷорӣ аз ин офати табиӣ манзилҳои истиқоматию иншоотҳои ёрирасони хусусию ҷамъиятӣ ва заминҳои кишоварзӣ зери лою гил монда, дар деҳаҳои Пахтаобод ва Гулистон иншооти роҳдорию мелиоративӣ вайрону корношоям гардидаанд.

Мутаассифона, офати табиӣ талафоти ҷонӣ низ дар пай дошт.

Бино ба гузориши манбаъ, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Қурбон Ҳакимзода бо сокинони аз офати табиӣ зарардида мулоқот карда зикр намудаанд, ки тамоми хонаводаҳои аз манзили зист маҳрумгашта бо қитъаҳои замин дар маҳалли бехавф ва кумакҳои пулию молӣ таъмин хоҳанд шуд.

Раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода иттилоъ дод, ки дар натиҷаи аз ҳудуди васеи дараҳо ба канали шохаи рост дар деҳаи Пахтаобод ворид гардидани селоба се қисмати ин канал дар масофаи 35 метр рахна шуда, пикети №659 ба масофаи 240 метр вайрон ва ба ҷарии 40-50-метра фурӯ рафтааст, ки обёрии майдони 2600 гектар заминҳои хоҷагиҳо ва наздиҳавлигӣ ғайриимкон гардидааст.

Мехост селро навор гирад, аммо ба қаъри он афтод: ҳалокати марди солхурда дар Хуросон

Селобаи калон ба минтақаҳои поёнӣ ҷорӣ шуда, инфрасохтори деҳаҳои Хуросон, Истиқлол, ба номи Н. Асадулло, Ҳалқаҷар ва 18-ум анҷумани ҳизбро хароб намудаанд. Қисми зиёди роҳи маҳаллӣ дар деҳаи Пахтаобод вайрон шудааст.

Офати табиӣ дар деҳаҳои Хуросон, Истиқлол, ба номи Н. Асадулло, Ҳалқаҷар ва 18-ум анҷумани ҳизби Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ ва Пахтаободи Ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ ба 37 манзили истиқоматии шаҳрвандон пурра ва ба 282 манзили дигар қисман зарар расонида, қариб 80 гектар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, 9,7 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ, 2,5 гектар заминҳои ғайрикишоварзӣ ва 11,36 гектар заминҳои президентӣ, 80 сар чорвои хурд ва 12 сар чорвои калон зери селоба мондаанд.

Бо мақсади бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ аз ҳисоби мақомоти Хатлон 2 тонна ва аз ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҳаҷми 2 тонна сӯзишвории дизелӣ дастрас карда шуда, якчанд адад экскаватор, мехлопатаҳо, мошинҳои калони борбар ба бартарафкунии оқибатҳои офат ва барқарорсозии инфрасохтор машғул мебошанд. То субҳи рӯзи 18 май 400 метр роҳи маҳаллии вайронгардида барқарор кард шудааст.

Қурбоналӣ Ғуломов, раиси маҳаллаи ба номи Неъматулло Асадулло гуфтааст , барои онҳое, ки хонаҳояшон аз офат зиён дидааст, шаҳрчаи хаймаҳо иборат аз 31 хайма ороста шуда, ҳайати табибон ва хизматчиёни ҳарбии Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон шабонарӯзӣ дар хизмати сокинони маҳал мебошанд.

Дастури Ҳакимзода барои ҷудо кардани қитъаи замин ба хонаводаҳои зарардидаи Хуросон

Ба оилаҳои осебдида кумакҳои пулӣ ва маводи озуқа, аз қабили орд, равған, картошка, пиёз ва ғайра дастрас карда шуда, онҳо бо хӯроки гарми ройгон таъмин карда мешаванд.

Ҳалокати писарбаччаи 17 сола аз сел дар Деваштич ва ҳушдори КҲФ

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо хонаводаҳои зарардида онҳоро ба таҳаммулпазирӣ, сарҷамъӣ даъват намуда, қайд кард, ки Пешвои миллат ва давлату ҳукумат ҳеҷ гоҳ онҳоро бо мушкилоташон танҳо намегузоранд.

"Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва барқарорсозии манзилҳои харобшуда тадбирандешӣ мекунад, аммо сокинони маҳаллиро мебояд дар ин лаҳзаҳои душвор дасти ҳам бигиранд", - гуфтааст ӯ.

Қурбон Ҳакимзода ба масъулони ниҳодҳои дахлдор ҷиҳати вусъатбахшии корҳои бартарафсозӣ, ташкили гурӯҳҳои ихтиёриён, таъмини ғизои гарми ҳаррӯза барои ёрмандону осебдидагон, пешбурди корҳои дезинфексионӣ, расонидани кумакҳои ғизоӣ, таъмини оилаҳои зарардида бо замини наздиҳавлигӣ дастуру супоришҳо дод.

Зикр гардид, ки пеш аз ҳама сокинони маҳаллиро мебояд мувозиби саломатии худ буда, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд ва аз ниқобу маводҳои антисептикӣ, ки барояшон ройгон дастрас шудааст, фаровон истифода баранд.