Дархости вакили мудофеи рӯзноманигори латукӯбшуда аз ВКД барои таъмини амният

Вакили мудофеи хабарнигори лату кубшудаи хабаргузории Азия-Плюс аз Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хост амнияти ҷонии муваккилашро таъмин кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи  Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори 23 солаи Азия-Плюс, ки ахиран аз сӯи шахсони номаълум лутукӯб шуда буд, гуфтааст ҳеҷ тазмине вуҷуд надорад, ки ин ҳодиса такрор нашавад, зеро баррасии наворҳои камераҳои назоратӣ дар маҳалли ҳамла ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳамчунон идома дорад ва ҳамлагарон шиносоӣ нашудаанд, иттилоъ додааст сомонаи ТопТҶ.

Парванда барои латукӯби рӯзноманигор Ғурбатӣ: ВУД гуфт, тафтишотро роҳбарият назорат дорад

Ба гуфтаи Шарифов, шароити идомаи таҳқиқот ба маънои озодона гаштани муҷримон аст.

Шомгоҳи 11 май ду нафар ношинос дар бозори Корвони шаҳри Душанбе ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ- хабарнигори хабаргузории Азия-Плюс ҳамлавар шуданд ва ӯро захмӣ карданд.

Ғурбатӣ иллати ин ҳамларо фаолияти хабарнигории хеш ва иттилоърасонӣ дар бораи камбуди имконоти пизишкӣ ва беҳдоштӣ дар Тоҷикистон барои дармони беморони мубтало ба коронавирус медонад.

Созмони гузоришгарони бидуни марз (Reporters Without Borders) моҳи апрели имсол дар шохиси озодии матбуотӣ Тоҷикистонро дар ҷойгоҳи 161 ҷаҳонӣ қарор дода ва таъкид кардааст, ки фазои озодии сухан дар ин кишвар дар ду соли ахир бисёр маҳдуд шуда ва фишор ба хабарнигорон шиддат ёфтааст.