Даргузашти сардори БДА дар ноҳияи Зафаробод

Майор Абдуғанӣ Ҷурақулов сардори БДА (ГАИ) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод ҳангоми муолиҷаи беморӣ дар бемористон даргузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Бино ба иттилои як манбаъ аз ноҳияи Зафаробод, Ҷӯрақулов рӯзҳои охир аз беморие, ки боиси баланд шудани тасф, ба эҳтимоли зиёд “пневмония” дучор гардида, дар бемористони ноҳия табобат мегирифт, вале набарди уву духтурони дар канораш истода, ба ин маризӣ ба нокомӣ анҷом шудааст.

“Духтурон барои шифоёбии Абдуғанӣ Ҷурақулов, сардори БДА ноҳия ҳама имкониятро истифода карданд, аммо мутаассифона аз панҷаи беморӣ раҳо наёфт. Ӯ дирӯз дар бемористон ба дунёи фонӣ падруд гуфт”, - зикр намуд, манбаъи Sputnik аз ноҳияи Зафаробод.
Даргузашти генерал Азимов, собиқ фармондеҳи марзбонӣ ва ноиби сарвазир

Шуморе аз кормандони БДА ҳам ин хабарро тасдиқ карда гуфтанд, ки марҳум Абдуғанӣ Ҷурақулов бо он, ки дар курсии сардорӣ менишаст, нисбати ҳамкоронаш эҳтиром дошту ба шаҳрвандон ҳам бо одобона муносибат мекард.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, Абдуғанӣ Ҷурақулов, соли 1965 дар ноҳия Айнӣ таваллуд шуда ва ҳудуди бист сол ба ин тараф дар сохтори БДА кор кардааст. Солҳои зиёд, нозири калони бахши техникии (гостех) БДА дар ноҳияи Айнӣ кардааст. Якуним сол қабл, сардори БДА ноҳияи Зафаробод таъин карда шудааст.

Абдуғанӣ Ҷураев яке дигар аз шумори мақомдорон дар баробари дигар афсару генералҳои тоҷик аст, ки ба далели хуруҷи бемориҳои гуногун дунёи фониро тарк кардаанд.

Шаби 15-уми май генерал Абдураҳмон Азимов, фармондеҳи собиқи нирӯҳои сарҳадии Тоҷикистон, дар синни 70-солагӣ дар пайи бемории қалб даргузашт.

Даргузашти генерал Абдуласанов, собиқ ноиби вазири дифои Тоҷикистон-акс

Пештар аз ин, расонаҳо дар бораи даргузашти генерал – майор Абдулназар Абдуласанов, собиқ муовини вазири дифоъи Тоҷикистон, фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди кишвар ва комменданти низомии Душанбе дар сини 76-солагӣ хабар доданд.

Сайидҷалол Сафаров, раиси дастгоҳи Раёсати неруҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 5-уми май аз хуруҷи маризии дил дар бемористони Маркази тибии “Шифобахш” маъруф ба Қарияи Боло даргузашт.

Қаблан ҳам дар бораи аз дунё реҳлат кардани Карим Каримӣ, прокурори ноҳияи Файзобод аз маризии пневмония ва Арбобқодир Ҷамҳуров, сардори яке аз шӯъбаҳои Раёсати созмондиҳӣ ва сафарбаркунии вазорати дифои Тоҷикистон аз сактаи қалбӣ хабар дода шуд.

Даргузашти олими таърихшинос Исмоил Раҳматов

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рӯзи 30-уми апрел нахустин бор аз гирифтории 15 сокини кишвар ба коронавирус хабар дод.

Бино ба оморе, ки дирӯз 17-уми май ин вазорат эълон кард, шумори мубталоёни беморӣ дар кишвар ба 1524 нафар расида, то ин сана 39 кас фавтидаанд.

Сайиданвар Камолов, собиқ раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон даргузашт