Сокинони офатзадаи Хуросон бо эътироз роҳи Душанбе-Бохтарро бастанд: ба мо кумак кунед

Сокинони офатзадаи ноҳияи Хурсон бо нишони эътироз барои дарёфти кумак роҳи мошингарди Душанбе-Бохтаррро бастаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Али Хатлонӣ яке аз корбарони фейсбук навори роҳбандӣ ва эътирози сокинонро дар саҳифаи “Бохтар шаҳри зебои ман” гузошта навиштааст, эътирози мардуми ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар 15 -умин километраи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар сурат гирифтааст.

ҚҲФ зарари селу боронҳои шадиди рӯзи гузаштаро гуфт: як қурбонӣ доштааст

Ба навиштаи ӯ, сокинони офатзада бо эътироз роҳи пойтахтро бастанд ва аз ҳукумати ноҳияи Хуросон талаб доранд, ки ба онҳо кӯмак расонанд.

 "То замоне, ки кӯмак нарасонанд роҳро боз нахоҳанд кард!"- бо садозанӣ иброз медоранд сокинон.

Тавре дар наворҳо мушоҳида мешавад, садҳо нафар гирд омадаву роҳро бастаанд ва маъмурини пулис низ ҳузур доранд ва талош доранд мардумро ором кунанд.

Мақомоти маҳаллӣ то ҳануз эътироз ва талаби сокинонро шарҳ надодаанд.

Ёдовар мешавем дар пайи боронҳои шадиди се рӯзи ахир сел баъзе аз хонаҳо маҳаллаҳои ин ноҳияро хароб ва пури лой карда буд.

Ҳамчунин дар пайи он ду сокини маҳаллӣ низ ба ҳалокат расиданд, ки ҷасади яке аз онҳо ҳоло пайдо нашудааст.