Раҳмон Тоқаевро бо зодрӯзаш шодбош гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳамтои қазоқистонияш Қосим Жомарт Тоқаевро бо зодрӯзаш шодбош гуфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Қазоқистон, дар баробари роҳбарони давлату созмонҳои дигар, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон низ бо ирсоли як паём Тоқаевро бо зодрӯзаш табрик кардааст.

Афзоиш: Омори охирини фавт ва гирифторони COVID - 19 дар Тоҷикистон

Қосим Жомарт Тоқаев имрӯз 67-солагияшро таҷлил мекунад. Ӯ баъди канор рафтани Нурсултон Назарбоев роҳбарии Қазоқистонро ба уҳда дорад.

Тоқаев дар интихоботи ғайринавбатии президентӣ, ки моҳи июни соли 2019 баргузор шуд, бо 70,96 дарсади оро раисиҷумҳури Қазоқистон интихоб гардида буд.

Роҳбари феълии Қазоқистон 17 майи соли 1953 дар шаҳри Алмаато таваллуд шуда, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ мебошад.

То расидан ба мақоми раисиҷумҳур аз соли 2013 то 2019 роҳбари Сенат, палатаи болоии парлумони Қазоқистон буд. Солҳои 2011 – 2013 мудири кулли идораи СММ дар Женева буда, аз он пештар дар мақомҳои вазири умури хориҷии Қазоқистон ва сарвазири Қазоқистон низ кор кардааст.