Қабрҳоро салафан напечед! Дастури Раёсати оромгоҳҳои Душанбе

Раёсати оромгоҳҳои Душанбе дастур додааст, ки аз ин ба баъд ба хотири рафъи бархе сӯитафоҳумҳо қабрҳоро салафанпӯш накунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Зайнулобиддин Назаров, сардори Раёсати оромгоҳҳои ҳукумати шаҳри Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба кормандон ин ниҳод дастур додаанд, ки аз ин ба баъд аз салафанпеч кардани қабрҳо дар қабристонҳои шаҳр худдорӣ кунанд.

“Аз ҳамон боре, ки барфи охирин зад ва дар пайи он боронҳои пайдарпай омаданд, иддае аз манозили қадимиву нав фурӯ рафтанд. Мо маҷбур шудем, ки барои барқарор кардани ин қабрҳо нерӯ сафарбар кунем. Сипас тасмим гирифта шуд, ки чун соли сербориш омад, қабрҳоро салафанпеч кунем”, - гуфт Зайнулобиддин Назаров.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ як қатор видеоҳое ба гардиш омаданд, ки бино ба онҳо, теъдоди қобили мулоҳизае аз қабрҳои як қабристон бо салафанҳо печида шудаанд.

Аз шустану кафан то ҷанозаю дар қабргузории фавтида аз COVID-19: эълони Кумитаи дин

Муаллифони ин наворҳои иддао мекарданд, ки ин ҳама қабрҳои афроди фавтида аз “вируси корона” аст. Дар шарҳи ин мавзуъ Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин навор дар қабристони “Сариосиё”-и шаҳри Душанбе сабт шуда, далели бо салафан рӯйпӯш кардани қабрҳо дар нишебӣ ва хоки нарм доштани мавзеъ аст.

Бино ба иттилои ин Кумита, қабри афроде ҳам, ки бо марги табиӣ фавтидаанд, бо салафан ё матои полиэтиленӣ рӯпӯш шудаанд. Ин Кумита дар як шарҳи дигар эълон кард, ки тибқи хулосаи мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҷасад манбаи сироят намебошад, агар бо риояи қоидаҳои динӣ шуставу безарар ва кафан аз сӯи мутахассиси кафандӯз дӯхта шуда бошад.

Яке аз хешовандони Рустам Шарипов, сокини шаҳри Душанбе, ки бо ташхиси пневмония фавтидааст, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, пас аз фавти марҳум аз шифохонаи Қарияи Боло аҳвол доданд, ки омада майитро баранд.

“Иҷозаи дидани рӯйи майит”: дархости раиси Кумитаи дин аз намояндаи СҶБ

 Вай афзуд, духтурон итминон доданд, ки майит пурра безарару бехатар шудааст ва фақат як ронандаву як корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда онҳоро то қабристони “Сариосиё” ҳамроҳӣ кардаанд.

“Худамон ба мошин бор кардем. Худамон пеши қабристон фаровардем ва ҷаноза хондем. Худамон то қабр бурдем ва шахсан худам ӯро дар лаҳад мондам. Мо ғамгин шудем, ки майити мо фақат салафанпеч аст, аммо дидем, ки аввал кафан шудааст, баъд салафан. Пас аз қабр кардан, кормандони қабристон ба мо гуфтанд, ки гӯрро ҳам бо салафан пӯшем, зеро эҳтимол дорад лаҳад кӯчад”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

 Дар ҳамин ҳол, оё тасмими Раёсати оромгоҳҳои Душанбе мӯҷиби тахриб ва ё кӯчидани қабрҳо нахоҳад шуд? Зайнулобиддин Назаров гуфт, тибқи пешгӯии ҳавосанҷон, то чанд рӯзи дигар дар Душанбе ҳаво офтобӣ ва гарм хоҳад шуд, аз ин хотир, умедворанд, ки кор то хароб шудани гӯрҳо нахоҳад кашид.

 “Афроде, ки ин овозаву дарвозаро миёни халқ мепарокананд, хайрхоҳи мардум нестанд. Ин маризие, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон пароканда шудааст, дар Тоҷикистони мо низ пайдо шуд. Ҳеҷ аҷобат надорад, ки дар миёни қабршудагон гирифторони маризии “вируси корона” бошанд. Аммо иттилоъ дар бораи маризии афроде, ки ба қабристонҳои шаҳр оварда мешаванд, бо мо дар миён гузошта намешавад ва ҳисобу китоби онҳо масъулияти ниҳодҳои дигар аст”, - гуфт сардори Раёсати оромгоҳҳои Душанбе.

Бино ба иттилои ӯ, дар ҳоли ҳозир 5 қабристони шаҳри Душанбе – “Сариосиё”, “Меҳробод”, “Лучоб”, “Қаротегин” ва Шоҳмансур - дар тавозуни ин раёсат қарор доранд.