"Груз 200": Парвози махсус ҷасади муҳоҷирини фавтидаро ду рӯз пас ба ватан мебарад

Пас аз ду рӯз парвози махсус ҷасади муҳоҷирини тоҷик, ки бо сабабҳои гуногун дар Русия фавтидаанд ба Тоҷикистон меорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik.  Дар ин бора раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Михаил Коженев зимни як суҳбати онлайнӣ дар посух ба суоли муҳоҷирин хабар дод.

Ҳалокати муҳоҷири тоҷик баъди сарозер шудан аз ошёнаи 12: ҳамагӣ ду рӯз кор кардааст

Ба гуфти раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия ва иттилоияи ба дасти ӯ расида ҳавопаймо ҷасади муҳоҷирини тоҷикро санаи 19 май ба ватан хоҳад расонид. Аммо ӯ дар бораи теъдоди "Груз 200" нагуфт, ки чанд аст.

Номбурда гуфт, ҷасади наздикони бисёр нафарон ҳоло дар "морг" қарор дорад ва онҳо интизори бозшавии сарҳаданд.

Раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия гуфт, ҳоло бисёриҳо бо дарназардошти шароити кунунӣ тасмим гирифтаанд, фавтидагонро дар Русия дафн кунанд.

Ӯ Маскавро мисол оварда гуфт, ки аксар муҳоҷирони фавтидаро ҳоло дар қисмати шимолии вилояти Маскав шаҳри Истра дафн мекунанд ва ҳама низом қонунӣ аст.

Ба гуфти ӯ ҳар нафаре, ки намехоҳад наздиконашро дар Русия дафн кунад, метавонад ба сафоратхонаи кишвари худ барои бурдани ҷасад муроҷиат кунад.

Суҳбати пурраи раҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия Михаил Коженевро дар бораи вазъи будубош дар Русия метавонед инҷо бубинед.