Боздошти ҷавони 18-сола барои дуздии 6 ҳазор сомонӣ

Дар ноҳияи Ишкошим аз сӯи кормандони милитсияи Тоҷикистон ҷавони 18-сола бо гумони дуздии 6 ҳазор сомонӣ аз дохили мағоза боздошт шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран марди 37-сола ба ШВКД дар ноҳияи Ишкошим шикоят бурдааст, ки  санаи 20-уми марти соли 2019 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи хусусиаш, воқеъ дар деҳаи Шанбедеҳ ворид шуда, аз он ҷо 6 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

Боздошти хоҳарон ва духтар барои ғоратаи мағозаи тилло: аз Ҳисор ба Панҷакент барои дуздӣ

Кормандони милитсия дар пайи як амалиёт ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ноҳияро ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ, дастгир намуданд.

Тавре масъулини Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қайд карданд аз рӯи ҳодисаи мзкур тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти гурӯҳи ҷиноятпешае хабар дода буд, ки пеш судшудаву пас аз озод шудан боз ҷиноят содир кардаанд

Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ин гурӯҳи ҷиноятпеша, ки мардуми вилояти Хатлонро ғорат кардаанд, аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Хатлон ва кормандони ШВКД дар шаҳри Бохтар, дар пайи аризаҳои сокинони шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Кушониён, Шаҳритӯс, Н.Хусрав ва Восеъ, ошкор шудаанд.