Фаврӣ: шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон зиёд шуд - омори нав

Агар 15 май дар ҷумҳурӣ 1 118 ҳолати сироятёбӣ ба КОВИД -19 тасдиқ шуда бошад, имрӯз он ба бештар аз 200 ҳолати нав зиёдтар шуд. Шумораи маргумир ба 36 нафар расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон тайи як шабонарӯзи гузашта 204 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус тасдиқ шуд, хабар дод Вазорати тандурустӣ ба Sputnik Тоҷикистон.

"То 16 май дар мамлакат 1322 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус ошкор гардида, аз ин беморӣ 36  нафар фавтидаанд", - афзуд манбаъ.

Хабари умедбахш пас аз 70 рӯзи мубориза бо коронавирус дар Эрон
Ҳамин тарв, дар як шабонарӯзи гузашта аз коронавирус 3 тан ҷон бохтанд.

Ба омори рӯзи 15 май, дар мамлакат 4297 нафар  зери назорати табибон қарор гирифта, 14 май 477 нафар пас аз шифо ёфтан, ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Тоҷикистону Белорус дар мубориза бо коронавирус ҳамкорӣ мекунанд

Ин ниҳод аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя ва ҳамзамон дар ҳолати пайдо гардидани нишонаҳои ин беморӣ фавран ба табиби оилавии минтақаи хеш муроҷиат намоянд.