Даргузашти олими таърихшинос Исмоил Раҳматов

Имсоил Раҳматов, муаррих, номзади илмҳои таърих дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Ҷасади ӯро дар зодгоҳаш ба хок месупоранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Исмоил Раҳматов, олими таърихшинос, мудири шуъбаи таърихи умумии Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия дар синни 71-солагӣ имрӯз, 16 май дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид.

Бино бар хабари манбаъи огоҳ, ҷасади устодро имрӯз ба зодгоҳаш деҳаи Вамди ноҳияи Рӯшони ВМКБ бурданд.

Даргузашти забоншинос Баҳриддин Камолиддинов баъди як рӯзи вафоти духтараш

Исмоил Раҳматов 30 сентябри соли 1949 дар деҳаи Вамди ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба дунё омадааст.

Ӯ мактаби рақами 7-и деҳаи Баррӯшонро хатм кардааст. Солҳои 1970-1975 донишҷӯи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии таърихи Тоҷикистони ба номи В.И. Ленин будааст.

Солҳои 1976-1979 дар бахши аспирантураи Донишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон таҳсил кардааст.

Абдуқаҳҳор Раҷабов, директори театри Камоли Хуҷандӣ даргузашт

Солҳои 1979-1980 ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон фаъолият карда, солҳои 1990-1992 муаллими калони кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе будааст.

Аз соли 1993 то 1996 мудири кафедраи таърихи умумии донишгоҳи мазкур кор кардааст. 

Солҳои 1998-2000 сармутахассис, 2001-2005 мудири шуъбаи сиёсии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз соли 2006 то ба имрӯз, ба ҳайси мудири кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия кор ва фаъолият кардааст.

Исмоил Раҳматов муаллифи 3 асар ва 100 мақолаи илмию оммавӣ мебошад. 

Бо нишони сарисинагӣ "Аълочии маорифи Тоҷикистон", ордени "Нишони фахрӣ" (1974) қадр карда шудааст.