Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар Тоҷикистон сомонаи вижаи COVID.TJ фаъол гардид

Минбаъд омори гирифторон ва фавтидагони сирояти коронавируси нави COVID-19  дар Тоҷикистон дар сомонаи мазкур ба нашр хоҳад расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Оғоз аз 16 майи соли равон сомонаи махсуси Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи https://covid.tj/ вобаста ба масъалаҳои коронавирус ба фаъолият оғоз намуд.

Дар ин бора маркази матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки минбаъд омори гирифторон ва фавтидагони сирояти коронавируси нави COVID-19  дар Тоҷикистон дар сомонаи мазкур низ ба нашр хоҳад расид.

Шаҳрвандон минбаъд метавонанд вобаста ба рӯйдодҳо оид ба бемории COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сомонаи мазкур низ иттилоъ бигиранд.

Вазири тандурустӣ нахустин тағйироташро аз сухангӯяш сар кард: ҳамкори қаблияшро овард

Сомона аз бахшҳои зерин иборат аст: аломатҳо, тавсияҳо, маводҳо, саволу ҷавоб ва тамос.

Дар саҳифаи асосии сомона омори тозаи гирифторони бемории коронавируси навъи COVID - 19 ва акси духтаре бо аломатҳои асосии он дарҷ гардидааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон нахустин тағйироти кадрияшро баъди ба мансаби нав роҳ ёфтан аз сухангӯи ин ниҳод огоз кард.

бо фармони Ҷамолиддин Абдуллозода, Бибихонум Дарвешзода, субҳи имрӯз аз вазифааш сабукдӯш ва ба ҷойи ӯ Эмомалӣ Мирзоев таъйин шуд.

Ба иттилои манбаъ,  сухангӯи нави вазорат ҳамакнун ҳамкори қаблии вазир Эмомалӣ Мирзоев таъйин шудааст.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Мирзоев қаблан дар вазифаи раҳбари бахши иттилоот ва робитаи беморхонаи “Истиқлол” кор мекард.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири нави тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 5 май аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба ин мансаб таъйин шуд.

Ӯ дар ин мақом Насим Олимзодаро иваз намуд.

Номбурда қаблан раҳбарии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-ро ба зима дошт, ки аз ҷониби Рустами Эмомалӣ Таъйин шуда буд.