Аз шустану кафан то ҷанозаю дар қабргузории фавтида аз COVID-19: эълони Кумитаи дин

Кумитаи дини Тоҷикистон бо нашри як иттилоия тафсилоти маросими дафни фавтидагон аз коронавирус - аз шустан то кафан кардану ҷаноза ва дар қабргузориро баён доштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 май – Sputnik. Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ба ҷо овардани эҳтиром ба майит дар дин мақоми хоса дорад ва бояд бо фавтидагон аз бемории COVID-19 муносибати эҳтиромона ба ҷо оварда шавад. Шахсе, ки аз бемориҳои сироятӣ фавтидааст, гунаҳгор набуда, такфин ва ҷанозаи ӯ бояд бо риояи қоидаҳои санитарӣ ва арҷгузорӣ ба фавтидагон ба ҷо оварда шавад.

Ҳама гуна табъиз нисбати сироятёфтагон ё фавтидагон аз бемориҳои сироятӣ аз назари шаръӣ ҷоиз нест!

Кумитаи дини Тоҷикистон афзуд, ки дар асоси тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ тартиби муносибат бо ҷасади фавтидагон аз бемории сироятии COVID-19 таҳия карда шуд. Дар дастурамали Кумитаи дини Тоҷикистон омадааст:

Тартиби муваққатии мазкур ҷиҳати истифода ва иҷро аз ҷониби ҳамаи шаҳрвандон, хусусан ходимони дин, кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва мақомоти маҳаллӣ, ки ба шахсони аз бемории сироятии COVID-19 ва ё гумонбарӣ аз он фавтидаанд, алоқамандӣ доранд, нигаронида шудааст. 

Пешниҳодоти калидӣ

Тибқи тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҷасади одамони аз бемории COVID-19 фавтида манбаи сироят шуда наметавонад. Танҳо шушҳои майити аз зукоми пандемиявӣ фавтида дар сурати рафтори нодуруст ҳангоми колбадшикофӣ дар сардхона метавонад манбаи сироят шуда, хатари биологӣ эҷод намояд. Дар дигар ҳолатҳо майит бемориро паҳн намекунад.

Ба андешаи мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ одамон метавонанд аз COVID-19 дар муассисаҳои тиббӣ, хонаҳояшон ва дигар ҷойҳо фавтанд. Бинобар ин, бехатарӣ ва солимии ҳар як нафар, ки бо майит сарукор мегирад, афзалият дорад. Қабл аз сарукор гирифтан бо майит бояд боварӣ ҳосил намуд, ки дар ҷойҳо маводҳои безараргардонӣ барои дастон ва воситаҳои инфиродии муҳофизатӣ мавҷуд бошад.

Шахсоне, ки бо майит сарукор доранд (кормандони соҳаи тиб, покшӯ, кафандӯз, қабркан, имом) бояд чораҳои стандартии пешгирию бехатариро риоя намуда, аз хилъат ва дастпӯшак истифода намоянд. Агар хатари пош хӯрдани обият аз майит вуҷуд дошта бошад, истифодаи айнакҳои муҳофизатӣ ва шишасипари рӯй зарурат дорад.

Тартиби шустан ва кафан кардан

Тибқи хулосаи мутахассисони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҷасад манбаи сироят намебошад. Дар ин асос, ҷасади майит бо риояи қоидаҳои динӣ бояд шуста, безарар гардонида шуда, ба кафан печонида шавад. Кафан кардани майит аз ҷониби мутахассис-кафандӯз анҷом дода мешавад. Ҳангоми ба кафан печонидан танҳо шахсоне иштирок мекунанд, ки будани онҳо барои мусоидат дар кафанпечонӣ зарур аст. Иштироки дигарон дар кафанпечонӣ манъ аст.

Дар асоси фатвои коршиносони Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар аст, ки барои пешгирии сироятёбии эҳтимолӣ, як қабати кафан бо маҳлули хлордор тар карда шавад. Тибқи хулосаи Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин амал хилофи таълимоти шариат набуда, дар ҳолатҳои зарурӣ ҷоиз мебошад. Мутахассисони соҳа тасдиқ мекунанд, ки маҳлули хлордор маводи покиза буда, ба истилоҳи динӣ чизи нопок маҳсуб намеёбад.

Ҳангоми шустан ва кафан кардан ҳамаи шахсоне, ки дар ин маросим иштирок мекунанд, бояд ҳатман либоси махсуси тиббӣ, ниқоб, дастпӯшак ва айнаки муҳофизатӣ дошта бошанд.

Зарурати дар халтаҳои полиэтиленӣ гирифтани ҷасад танҳо дар ҳолати вуҷуд доштани баромадани соил аз бадан вуҷуд дорад. Маҳкам намудани шикофиҳои бадан тибқи дастури табибон сурат мегирад.

Маросими видоъ баъд аз кафан кардан ва безараргардонӣ

Маросими видоъ бо майит агар дар муассисаҳои тиббӣ сурат гирад, беҳтар аст дидани руйи майит барои хешовандонаш барои якчанд лаҳза аз пушти шиша ва ё аз пушти пардаҳои полиэтилении шаффоф ба роҳ монда шавад. Дар маросими видоъ танҳо якчанд нафар хешовандон ва дӯстони наздик иштирок менамоянд. Иштироки ноболиғон ва шахсони синнашон аз 60 сола боло, инчунин шахсони бемор ё иммунитеташон суст (масалан, бемориҳои роҳи нафас, бемориҳои дил, диабети қанд ё системаи заифии масуният), қатъиян манъ аст.

Ба майит даст расонидан ё бӯса кардан зарурияти динӣ надорад ва дар ҳолати фавтидан аз бемориҳои сироятӣ, даст расонидан ба майит манъ аст.

Интиқоли ҷасад

Интиқоли ҷасад ба қабристон бояд дар нақлиёти махсус ба роҳ монда шавад. Ҷасадро танҳо шахси масъул – қабркан ё кафандӯз ё шахсе, ки майитро ба қабр мегузорад, бо риояи қоидаҳои шадиди санитарӣ ва пӯшидани либоси махсус ҳамроҳӣ мекунад.

Ҷаноза

Дини ислом дафн кардани шахси фавтидаро фарзи кифоя ҳукм кардааст, ки агар дар он чанд нафар иштирок кунанд, кофӣ аст. Бинобар ин, бо дарназардошти шароити кунунӣ намози ҷаноза дар назди қабристон ё ҷойҳои махсус бо иштироки теъдоди ками хешовандон ва дӯстони наздик хонда шавад, беҳтар аст. Тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дуо аз ҳар ҷо қабул мегардад. Бинобар ин, дигарон дар ҳаққи майит дуо кунанд, кифоя аст.

Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи шариат анҷом дода, дар масофаи на камтар аз 2 метр аз тобут меистад.

Дар қабр гузоштан

Ҷасади майитро мутасаддиёне, ки либосҳои махсуси муҳофизатӣ пӯшидаанд, дар қабр мегузоранд.

Тибқи урфу одати маҳаллӣ дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон қабр ба шакли долондор канда мешавад. Барои даровардани майт ба чунин қабр лозим аст, ки як нафар ба даруни лаҳад даромада, аз дохили он ҷасадро қабул кунад, ки ин кори мураккаб аст. Аз ин рӯ, тавсия дода мешавад, ки қабрҳо ба усули шомӣ, яъне рост ба поён ва сипас дар тарафи рост лаҳад ба шакли тоқ ба андозаи ҷасад канда шавад. Дар чунин намуди қабрҳо ба хок супоридани майит мушкиле эҷод намекунад.

Баъд аз пӯшонидани болои лаҳад ва каме хок партофтан, дигар иштирокдорон метавонанд ба қабр хок партоянд.

Шахсоне, ки дар хона мефавтанд...

Шахсоне, ки дар хона фавтидаанду дар онҳо аломатҳои шабеҳ ва ё гумонбарӣ ба ин беморӣ дида мешавад, аммо бемории COVID-19 дар онҳо тасдиқ нашудааст, ба хотири пешгирии паҳншавии беморӣ ба ҳамин тартиб маросими ҷанозаи онҳо баргузор карда мешавад.

Мувофиқи хулосаи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити кунунӣ барои фотиҳахонӣ ба хонаи майит омадан зарурат надорад. Тибқи таълимоти шариат савоби дуо ба рӯҳи гузаштагон аз ҳар куҷо ҳатман мерасад. Таъзиябаёнкунӣ бо риояи фосилагирии иҷтимоӣ анҷом дода мешавад.