Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Супоришҳои Исматуллозода ба масъулини Бӯстон барои таъмини табибон бо лавозимоти зарурӣ

Ширин Исматуллозода муовини сарвазири Тоҷикистон ҷиҳати пурзӯр намудани гардиши хонагӣ аз ҷониби табибони оилавӣ, таъмин намудани мутахассисон бо лавозимоти зарурӣ, ба масъулини шаҳри Бӯстон дастуру супоришҳои мушаххас дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Муовини сарвазири Тоҷикистон Ширин Исматуллозода дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ҷаласаи ситоди доимоамалкунанда баргузор кард.

Супориши Ҳукумат: Абдуллоҳи Раҳнаморо ба бемористони "Зарафшон" бурданд

Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар машварати корӣ раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон Нигорахон Ғаффорзода, масъулини муассисаҳои тандурустии шаҳр, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ,  масъулини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр ва дигар масъулин ширкат намудаанд.

Дастури Ҳакимзода ба раисон барои пардохти саривақтии маош ва кӯмакпулӣ ба табибон

Зимни машварат  сартабиби беморхонаи шаҳрӣ Умедҷон Абдуллоев оид ба вазъи пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус ҳисобот додааст.

"Ширин Исматуллозода ҷиҳати пурзӯр намудани гардиши хонагӣ аз ҷониби табибони оилавӣ, таъмин намудани мутахассисон бо лавозимоти зарурӣ, вусъати корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, даъвати аҳолӣ ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва амсоли он ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод", - омадааст дар хабарнома.

Зикр шудааст, ки ҳамарӯза дар шаҳр вазъият зери назорат қарор дошта, фаъолияти масъулин тақвият меёбад.