ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Абдуллоҳи Раҳнамо, мушовири Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш хабари гирифториаш ба вируси корона паҳн шуда буд, ахиран бо дастури масъулини Ҳукумати Тоҷикистон аз беморхонаи "Қарияи боло" ба бемористони маҳаллаи Зарафшон интиқол ёфтааст.
Дар ин бора рӯзноманигор Раҷаб Мирзо хабар медиҳад.
"Сӯҳбати телефонӣ доштем. Дина ҳам, имрӯз ҳам. Овозаш бардам ва тавре мегуфт, аз дина аллакай нафаскашиаш ҳам назар ба чанд рӯзи пеш олист", - менависад рӯзноманигор.
Духтурони корпуси 4, ки Абдуллоҳро нигоҳубин доштанд, гуфтанд, ки шаб шушҳояшро ташхис кардаанд. Мушкиле нест. Агар дар ин ҷо боқӣ мемонд, эҳтимол 1 ё 2 рӯз пас мураххас мешуд.
Ёдрас мешавем, 12 май худи Раҳнамо аз бистарӣ шуданаш ба бемористон дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод.
"Ҳамин лаҳза бо хости Худованд зери дастгоҳи нафас меравам. Руҳ қавӣ аст, ҷисм номардӣ накунад. Агар баргаштам, бо Шумоям, бо ин Ватан, бо ин миллат, бо ҳар яки Шумо”, - навишт вай.
Sputnik Тоҷикистон бо сиёсатмадори номӣ баъди хабарҳо дар бораи мубтало шуданаш ба коронавирус сӯҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Вай дар ин сӯҳбат гуфт, аз маризие, ки духтурон то ба ҳол пневмония таъриф кардаанд ва иддае ҳам “вируси корона” номидаанд, аҳли оилааш ҳудуди 20 рӯз аст, ки ранҷ мебарад.
“Аввал модари бачаҳо буд, сипас, духтару ду писарам ҳам аз дардҳои сабук ва мушобеҳ шикоят карданд. Дар оғоз аз хонумам сахт нигарон будам, ки ҳоло дар шифохонаи “Якум Советски” табобат мегирад ва вазъаш хуб аст. Вазъи бачаҳо ҳам хуб, дар хона ва таҳти муроқибати наздиконаманд. Хуллас, чӣ дарде набошад, ҳоло моро дар ба дар кардааст ва аз Худо умед дорем, ки рӯзе сари як дастурхон ҷамъ мешавем”, - афзуд Абдуллоҳи Раҳнамо.
Набарди оилаи Абдулло Раҳнамо бо “вируси корона”: суҳбат аз беморхона
Абдуллоҳи Раҳнамо, номзади илмҳои сиёсӣ, мушовири кунунӣ ва қаблан сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷмҳури Тоҷикистон буда, яке аз коршиносони муътабар ва аршади умури дину сиёсат дар кишвару минтақа ба ҳисоб меравад.