Паёми доктор Ёҳақӣ ба мардуми Тоҷикистон - видео

Доктор Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ, устоди барҷастаи забон ва адабиёти форсӣ ва Шоҳномапажуҳи номии эронӣ ба муносибати Рӯзи бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ба мардуми ҳамзабон ва ҳамфарҳанги тоҷик паёми тасвирӣ додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Донишманди эронӣ Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ дар паёмаш ба мардуми Тоҷикистон қайд кардааст, ки Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ касест, ки ҳазор сол пеш ба ҷаҳониён дарси дӯстӣ, мудоро ва хирадварзӣ додааст, то инсонҳои шарифу бузург бо меҳру мудоро зиндагиро бар худу бар ҳамондешони худ ширину гуворо кунанд ва аз неъмати оромишу осоиш, ки Худованди ҷаҳонён дар ихтиёри онҳо гузоштааст, бархӯрдор шаванд.

“Ончӣ хондам паёми бузургмардест, ки  15 май рӯзи бузургдашти ӯ эълом шудааст - Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, падари миллати Форс - тоҷик.Медонам, ки Фирдавсӣ ва шоҳасари ситургаш Шоҳнома барои шумо ҳам мисли мо гаронсанг, азиз ва сазовори эҳтиом аст”, - таъкид доштааст Ёҳақӣ.

Вай зикр кардааст, ки мардумони ориёинажод паёми ҳакими хирадманди худро ба хӯбӣ дарк мекунанд ва бо ба кор бастани он зиндагии ширину дилпазиреро барои худу дигароне, ки бо онҳо дар таъомуланд, тадорук мебинанд.

“Ҷои он дорад, ки мо миллати Форс - тоҷик бар худ биболем, ки фарзонагоне чун устод Рӯдакӣ ва закимоне чун Фирдавиро бештар аз ҳазор соли пеш ба башарият арза доштаем, ки имрӯз суханоншон метавонад овезаи гӯши ҳушмандону хирадварзони олам бошад”, - қайд кард донишманди эронӣ.

Доктор Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ, устоди барҷастаи забон ва адабиёти форсӣ ва Шоҳномапажуҳи номии эронӣ аст. Ӯ устоди Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ва узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ аст.

Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ  бо олимону адибони тоҷик низ иртибот ва ҳамкорӣ дошта, дар чандин ҳамоишҳои илмӣ дар Точикистон ширкат ва суханронӣ кардааст.