Ихтирои дастгоҳ барои коронавирус: дар 15 сония безарар мегардонад - видео

Рустам Юсупов сокини шаҳри Хуҷанд дастгоҳеро ихтироъ намудааст, ки истифодаи он барои безараргардонии сару либоси табибоне, ки ин шабурӯз ба коронавирус мубориза мебаранд мувофиқ будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 май – Sputnik. Ин таҷҳизот имкон дорад давоми 15 сония сару либоси ҳар нафаре, ки худро дохили он мекунад, пурра бо маҳлули зиддивирусӣ тамиз ё дезинфеcия кунад.

Тоҷикистон парвозҳо бо Эронро пас аз ҳамагирии коронавирус барқарор кард

Рустам Юсупов ҷавони 32 сола ва офарандаи ин дастгоҳ дар суҳбат ба гузориши телевизиони маҳаллии “СМ -1” дар Хуҷанд, гуфтааст, ки ин маҳсули меҳнаташ ҳоло барои духтуроне нигаронида шудааст, ки дар бемористонҳо барои муолиҷа бо беморони коронавирус дар набард қарор доранд.

 “Духтурон метавонанд баъди тамом кардани кори табобат, ҳар вақт барои безарар шудани сару либоси худ аз дохили ин таҷҳизот гузаранд”, - гуфтааст Юсупов.

Таҷҳозоти сохтаи ин ҷавони хуҷандӣ 2, 2 метр баландӣ ва 1, 15 метр бар дошта, ин андоза барои озод дохил шудани духтурон мувофиқ будааст.

Барои сохтани ин таҷҳизот дар умум аз 3 метр профил, 12 метр метал (тнука) ва муҳаррику бушкаи иборат аз 30 литра истифода намуда, Рустам ва рафиқонаш онро давоми се рӯз омода кардаанд.

“Чанд рӯз аст, ки барои пешгирӣ ва паҳни бемории коронавирус бекор дар хона қарор дорам ва бадоҳатан ин идея дар сар пайдо шуд. Бачаҳоро даъват кардам ва ҳамроҳ ба кор сар кардем”, - зикр кард Юсупов.

Ин ихтироъкори ҷавон ҳоло аввалин дастгоҳи сохтаи худро барои истифодаи духтурон ба беморхонаи клиникавии вилояти Суғд тақдим намудааст.

Ба гуфтаи ӯ ба чанд сомонӣ баробар шудани масрафоти сохтмони ин таҷҳизоти безараргардонӣ ҳанӯз дақиқ нест, зеро чанде аз лавозимоти он, аз сӯи фурӯшандаҳои бозор, барои хидмат ба духтурон ройгон дастрас намудаанд.

Рустам Юсупов гуфтааст, ки қодир аст, дар ҳоли дастрас намудани лавозимот ин дастгоҳро барои эҳтиёҷмандони дигар ҳам ройгон созад ва ба ин васила саҳми худро дар пешгирии вабои коронавируси COVID -19 гузорад.